Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи иқлим ва мониторинги пиряхҳо таҳким медиҳанд – ИА Караван Инфо
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи иқлим ва мониторинги пиряхҳо таҳким медиҳанд

Душанбе, 18 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». 15 ноябр дар ҳошияи Конфронси 30-юми ҷонибҳои Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим (СОР-30) дар шаҳри Белени Бразилия Ёддошти тафоҳум байни Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ширкати ҷопонии «ArkEdge Space Inc» имзо шуд. Ин иттилоъро АИ «Корвон Иттилоот» бо истинод ба Агентии обуҳавошиносӣ нашр кардааст.

Имзои Ёддошти тафоҳум қадами муҳим дар таҳкими ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопон дар соҳаи иқлимшиносӣ, мониторинги тағйирёбии пиряхҳо ва назорати газҳои гулхонаӣ ба ҳисоб меравад. Ин ҳамкорӣ имкон медиҳад, ки Тоҷикистон бо истифода аз технологияҳои муосир сатҳи илмии худро баланд бардорад ва ба устувории иқлимӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ саҳм гузорад.

Дар доираи чорабинӣ вохӯрии директори Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зист Абдулло Қурбонзода бо муовини вазири масъалаҳои глобалии муҳити зисти Ҷопон Кентаро Дои баргузор шуд. Тарафҳо дар ин мулоқот барои пешбурди корҳои муштараки илмӣ, иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ ва ҷалби маблағгузории шарикони байналмилалӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Имзои Ёддошти тафоҳум нишон медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба пешрафти илми иқлимшиносӣ аҳамияти ҷиддӣ медиҳад ва дар истифодаи роҳҳои наву замонавӣ барои назорат ва омӯзиши тағйирёбии иқлим пайгир аст. Ин масъала барои Тоҷикистон, ки дорои захираҳои калони пиряхҳо мебошад, аз аҳамияти вижа бархурдор аст.

АКС: Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

error: