Тоҷикистон ва Узбекистон ният доранд минтақаро бо оби нӯшокӣ аз кӯли Баландкӯҳи Сарез таъмин кунанд – ИА Караван Инфо
Тоҷикистон ва Узбекистон ният доранд минтақаро бо оби нӯшокӣ аз кӯли Баландкӯҳи Сарез таъмин кунанд

Имкониятҳои истифодаи захираҳои оби кӯли Сарез барои таъмини кишварҳои минтақа бо оби тозаи ошомиданӣ аз ҷониби ҳайатҳои Тоҷикистону Узбекистон дар ҷаласаи гурӯҳи кории муштараки ду кишвар оид ба истифодаи ҳамаҷонибаи захираҳои оби дарёҳои фаромарзии Осиеи Марказӣ баррасӣ гардид.

Ҷаласа, ки 3 август дар Душанбе баргузор шуд, таҳти роҳбарии вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Точикистон Далер Ҷумъа ва вазири хоҷагии оби Ҷумҳурии Узбекистон Шавкат Ҳамраев баргузор гардид.

Ҳайатҳо масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои нави муштараки фаромарзӣ байни Тоҷикистону Узбекистонро дар соҳаи хоҷагии об баррасӣ намуданд, хабар медиҳад Хадамоти матбуоти Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Точикистон. Ҷонибҳо нияти густариши ҳамкорӣ дар соҳаи мубодилаи захираҳои обро изҳор доштанд.

Масъалаи истифодаи оби тозаи Сарез барои эҳтиёҷоти нӯшокии ду кишварро ҳанӯз соли 2018 президентҳо Эмомалӣ Раҳмон ва Шавкат Мирзиеев зимни сафари давлатии Сарвари Тоҷикистон ба Узбекистон баррасӣ карда буданд. Президентҳо ба комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ супориш доданд, ки чунин имкониятро омӯзад.

Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои худ дар форумҳои байналмилалӣ борҳо таъкид доштааст, ки Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги оби нӯшоки аст ва пешниҳод кардааст, ки кӯли баландкӯҳи Сарез барои таъмини дарозмуддати кишварҳои Осиеи Марказӣ бо оби ошомиданӣ истифода шавад.

Ҳукумати ҷумҳурӣ инчунин пешниҳод кард, ки интиқоли оби нӯшокӣ аз Сарез ба дигар давлатҳои осие, аз ҷумла Эрон, Урдун ва Аморати Муттаҳидаи Араб ба роҳ монда шавад.

Кӯли сарез дар ноҳияи Мурғоби вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшони ҶТ дар баландии тақрибан 3,5 ҳазор метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Дарозии кӯл зиеда аз 70 км, чуқурии максималии тақрибан 500 м, ҳаҷми об 17 км3. Кӯл дар моҳи феврали соли 1911 дар натиҷаи заминларзаи шадид ташкил ефт, ки дар он сангҳои фурӯ рехта ва селҳо ҷараени дареи Бартангро пӯшониданд. Сарбанди табиии ташаккулефта номи Усой-ро гирифт.

Фото rosphoto.com

error: