Душанбе, 05 июл, – АИ “Караван Инфо”. Дар шахри Тянчин (Чин) чаласаи шашуми сарони вазорату идорахои кишвархои узви Созмони хамкорихои Шанхай (СХШ), ки масъули масъалахои экологи мебошанд, баргузор гардид. Дар чаласа хайати Чумхурии Точикистон тахти рохбарии раиси Кумитаи хифзи мухити зист Баходур Шерализода иштирок дошт.

Баходур Шерализода зимни суханрони дар кисми расмии чорабини афзалияти рушди хамкорихои «сабз дар доираи СХШ хамчун воситаи асосии ноил шудан ба Хадафхои Рушди Устувор ва таъмини амнияти экологии минтакаро таъкид намуд.
Вай ба тааххуди Точикистон барои татбики ташаббусхои байналмилалии экологи, аз чумла хифзи пиряххо, мубориза бо биёбоншави ва чорахои мутобикшави ба окибатхои тагирёбии иклим таъкид намуд.
Дар мулокот хамчунин мулокоти Баходур Шерализод бо вазири экология ва мухити зисти Чумхурии Мардумии Чин Хуан Рунцю баргузор шуд.

Чонибхо самтхои афзалиятноки шарики, аз чумла: табодули тачрибаи касби, татбики лоихахои муштараки экологи ва тахкими хамкорихои институтсионалии сохторхои дахлдори ду кишварро барраси намуданд.
Динамикаи мусбати хамкорихо ва хавасмандии тарафайн ба густариши минбаъдаи он кайд намуда шуд.
Дар мулокот омодагии кишвархои узви СХШ барои хамкори дар халли мушкилоти экологи ва дастгирии рушди устувор ва аз чихати экологи нигаронидашудаи минтака тасдик намуда шуд.
СУРАТ: Кумитаи хифзи мухити зисти Чумхурии Точикистон