Душанбе, 22 май, АИ Караван Инфо. Бори аввал дар таърихи муносибатхои дучонибаи Точикистону Бритониё 19 май дар Лондон Форуми саноати кухи баргузор гардид, ки онро Сафорати Точикистон дар Шохигарии Муттахида бо дастгирии Вазорати саноат ва технологияхои нави Чумхурии Точикистон ташкил намуд.

Тавре ВКХ ЧТ хабар дод, дар форум рохбарони вазорату идорахои Точикистон, сармоягузорон, намояндагони ширкатхои пешрафтаи байналмилали ва сохави, инчунин чонибхои манфиатдор аз хар ду чониб ширкат варзиданд.
Дар рохбарии хайати Точикистон Вазири саноат ва технологияхои нав Шерали Кабир суханрони намуд. Дар хайати гурух инчунин: сардори идораи Асосии геологияи назди Хукумати ЧТ Илхомчон Оймухаммадзода, намояндагони сохторхои давлати, рохбарони бахши хусуси буданд.
Максади форум тахкими хамкории дучониба дар сохаи истифодаи зеризамини, мухокимаи имкониятхои таъсиси корхонахои муштарак ва муколамаи ошкоро байни сармоягузорон, макомоти давлати ва тичорат мебошад.
Дар доираи форум инчунин намоишгохи махсулоти содироти ва кухии Точикистон баргузор гардид, ки дар он ба сармоягузорон дар бораи иктидори истехсоли ва захирахои кишвар маълумот пешниход намуда шуд.
Ташкилкунандагон изхори умедвори намуданд, ки ин чорабини мусоидат хохад намуд:
- чалби сармоягузори ба саноат,
- чори намудани технологияхои муосир,
- афзоиши содирот,
- таъсиси чойхои нави кори,
- густариши шарикии байналмилали дар сохаи истифодаи устувори зеризамини.
АКСХО: Вазорати корхои хоричии Точикистон