ОСАКА, 16 апрели соли 2025 АИ Караван Инфо. 12-13 апрели соли 2025 дар Осака (Чопон) ифтитохи тантанавии намоишгохи Чахонии ЭКСПО-2025 бо шиори “Тархрезии чомеаи оянда барои хаети мо” баргузор шуд. Дар маросим Императори Чопон, Сарвазири кишвар, дабири Кулли Бюрои намоишгоххои байналмилали ва мехмонони баландпоя аз давлатхои гуногун иштирок намуданд.

Дар байни зиеда аз 150 иштирокчии намоишгох Чумхурии Точикистон павильони миллии худро бо шиори илхомбахши “Пиряххо ва захирахои об — барои начоти хаёт ва ояндаи устувор” муаррифи намуд. Шиор ташаббусхои афзалиятноки Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмонро дар сохаи хифзи пиряххо ва идоракунии устувори захирахои об инъикос менамояд.
Павилён, ки бо услуби анъанавии точики оро дода шудааст, платформаи дурахшон барои намоиши мероси беназири табии ва фархангии кишвар гардид. Мехмонон метавонанд бо маълумоти фаровон дар бораи захирахои об, пиряххо, чойхои дидани, инчунин боигарии хунархои мардумии точик шинос шаванд.
Намоишгох аз чумла:
• намунахои маъданхои табии ва сангхои ороиши;
• махсулоти кандакории чуб ва санъати амалии милли;
• махсулоти бахши саноати ва кишоварзи;
* молхои табии: асал, меваи хушк, оби минерали.
Инсталлятсия ба пиряхи афсонавии Ванджях (Федченко) бузургтарин пиряхи куххои Памир ва нишондихандаи мухими тагйирёбии иклим бахшидашуда таваччухи хосаро ба мехмонон чалб мекунад.
Намоишгох то 13 октябри соли 2025 идома меёбад. Рузи миллии Чумхурии Точикистон дар доираи ЭКСПО – 2025 рузи 27-уми июн ба накша гирифта шудааст ва он хамчун аксенти барчастаи экспозисияи байналмилали, ки афзалиятхои экологи ва гуногунии фархангии мамлакатро ошкор мекунад, муаррифи мегардад.
АКСХО: Вазорати корхои хоричии Точикистон