Душанбе, 01 июл, – АИ «Караван инфо». Санаи 30 июни соли 2025 дар шахри Чолпон – Ота (Чумхурии Киргизистон) чаласаи Шурои вазирони корхои хоричии давлатхои узви Созмони Шартномаи амнияти дастачамъи (СААД) баргузор гардид. Хайати Точикистонро Вазири корхои хоричи Сирочиддин Мухриддин рохбари намуд. Иштирокчиён равишхои стратегии тахкими амнияти минтакави ва вокуниш ба мушкилоти муосирро барраси намуданд.

Раисони идорахои сиёсати хоричии кишвархои СААД масъалахои мубрами хамкории бисёрчонибаро барраси намуданд, аз чумла:
- хамохангсозии амалхо дар сохаи вокуниш ба тахдидхои фаромарзи;
- баланд бардоштани омодагии чанги ва хамкори дар холатхои бухрони;
- таквияти механизмхои дипломатии хусусияти пешгирикунанда.
Дар натичаи чаласа карорхои калиди ба имзо расиданд, ки равона шудаанд ба:
- муковимат ба радикализатсия, ба терроризм ва экстремизм
- тахкими механизмхои амнияти иттилооти;
- тахияи муносибати умуми ба ноустувори дар минтакахои шиддати баланди геополитики, аз чумла Шарки Наздик.
Чонибхо татбики мархилаи якуми барномаи максадноки байнидавлатии СААД-ро оид ба тахкими сархади точикистону афгонистон истикбол намуданд. Ин лоиха чузъи мухими системаи умумии амнияти минтака хисобида мешавад ва ба пешгирии воридшавии унсурхои террористи ва гардиши гайриконунии силох ва маводи мухаддир равона шудааст.
Мулокот бо Президенти Киргизистон Садир Жапаров
Дар доираи чаласа мулокоти Президенти Чумхурии Киргизистон Садир Жапаров бо вазирони корхои хоричии кишвархои узви СААД баргузор гардид, ки дар он чонибхо тарафдории худро ба принсипхои хамкории иттифокчиён ва тахкими муколамаи сиёси дар Дохили Созмон тасдик намуданд.
АКСХО: Вазорати корхои хоричии Точикистон