ШИМКЕНТ, 16 апрели соли 2025 Иа Караван Инфо. Дастаи Мунтахаби Точикистон оид ба таэквондо (ИТФ) дар Чоми Осиё, ки аз 8 то 13 апрели соли 2025 дар шахри Шимкенти казокистон баргузор шуд, муваффакияти назаррас ба даст овард.

Варзишгарони мо дар мачмуъ 35 медал ба даст оварданд: 10 тилло, 13 нукра, 12 биринчи.
Тибки натичахои мусобика, дастаи Точикистон дар хисоби умумидастаи бо бовари чои дуюмро ишгол намуд ва танхо аз дастаи Мунтахаби Казокистон мизбонони мусобика канор монд.
Кахрамонони тиллоии Точикистон:
Амина Саидова-тул (мачмааи расми)
Темурчон Абдурахмонов-спарринг
Темурчон Абдурахмонов-тул
Аличон Мансуров-спарринг
Ничат Азимзода-спарринг
Хусноро Ашурзода – спарринг
Фирдавс Негматов – спарринг
Анушервон Мирзоев-спарринг
Абубакр Боборахимов-спарринг
Муминчон Нуров-тул
Намоиши барчастаи таэквондистони точик дар сатхи континентали натичаи омодагии системави, фидокории варзишгарон ва дастгирии мураббиён мебошад. Ин галабахо на танхо мавкеи Точикистонро дар арсаи байналмилалии варзиш таквият мебахшанд, балки насли навро ба рохи варзиш ва кувваи рух илхом мебахшанд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода