Душанбе, 18 июл, АИ «Караван Инфо». Дар шахри Душанбе накшаи амал оид ба татбики барномаи Муштараки “Табдил додани системахои озукавори барои бехтар намудани сифати гизо” тасдик шудааст. Чаласаи кумитаи Муштараки рохбарикунанда санаи 15 июл бо иштироки намояндагони сохторхои давлати, созмонхои байналмилали ва коршиносони сохаи амнияти озукавори баргузор гардид.

Тавре, ки Кумитаи амнияти озукавории назди Хукумати Чумхурии Точикистон хабар дод, иштирокчиёни чаласа вазифахои стратегиро мухокима намуда, лоихаи накшаи хамачонибаи амалро мувофика намуда, барои суръат бахшидан ба татбики барнома тавсияхои мушаххас тахия намуданд.
Муовини якуми Раиси Кумита Махмуд Ширинчонзода кайд намуд, ки амнияти озукавори яке аз вазифахои Калидии Хукумати Точикистон боки мемонад.
“Давлат барои таъмини ахолии кишвар бо махсулоти босифати озукавори тадбирхои фаври ва пайваста меандешад. Конуни амнияти озукавори, ки дар доираи стратегияи миллии рушд то соли 2030 кабул шудааст, ин сохаро хамчун кисми чудонашавандаи амнияти милли муайян мекунад”, – таъкид намуд у.
Вай инчунин кайд намуд, ки ба гайр аз татбики барномахои профилии давлати — аз чумла “Барномахои амнияти озукавори барои солхои 2021-2025” ва “Барномахои амнияти озукавори барои солхои 2024-2028” — стратегияхои сохави тасдик намуда шудаанд, ки барои муносибати систематики ба ислохоти сохаи кишоварзи ва озукавори замина фарохам меоранд.
Ба дастгирии истехсолкунандагони ватании махсулоти кишоварзи ва ашёи хоми хуроквори диккати махсус дода мешавад. Конеъ гардонидани талаботи ахоли ба махсулоти хаётан мухим бояд аз хисоби истехсоли милли таъмин намуда шавад.
Хамохангсози доимии СММ дар Точикистон хонум Парвати Рамасвами аз натичахои кор изхори каноатманди намуд: “Тагйири системахои озукавори воситаи калиди дар расидан ба Хадафхои рушди устувор мебошад. Аз соли 2021 СММ бо хукумати Точикистон фаъолона хамкори мекунад ва ман шодам, ки ин шарики дар доираи барномаи нави муштарак идома хохад ёфт”.
Вай ахамияти муносибати систематики ба ислохотро таъкид намуд-аз истехсолот ва логистика то таъмини сифати махсулот ва устувории агрополитика.
Дар хулосаи чаласа зикр гардид, ки татбики Барнома ба ичрои яке аз вазифахои асосии стратегии мамлакат — таъмини амнияти озукавори ва дастрасии устувори ахоли ба гизои босифат мусоидат хохад намуд.
Вазорату идорахо вазифадоранд, ки кушишхоро таквият диханд ва барои татбики самараноки барнома хамкории байниидоравиро ба рох монанд.
АКСХО: аз манбаъхои кушода