Точикистон рамзи солхои иктисоди раками ва инноватсия 2025-2030 мебошад – ИА Караван Инфо
Точикистон рамзи солхои иктисоди раками ва инноватсия 2025-2030 мебошад

Душанбе, 20 август, АИ «Караван Инфо». Агентии инноватсия ва технологияи ракамии назди Президенти Чумхурии Точикистон рамзи расмии “Солхои рушди иктисоди раками ва инноватсия 2025-2030” – ро муаррифи намуд.

Рамзи нав на танхо як унсури шахсияти визуали, балки инъикоси катъияти давлат дар эчоди экосистемаи пуркудрати раками ва хавасмандгардонии навоварихо барои пешрафти технологи ва манфиати хар як шахрванди кишвар гардид. Тархрезии рамз афзалияти давомноки, рушд ва хамгироии технологияхои пешрафтаро дар тамоми сохахои иктисодиет таъкид мекунад.

Агенти хамчун макоми ваколатдори давлати оид ба татбики сиёсати давлати дар сохаи инноватсия ва ракамисози рамзро хамчун муттахид кардани хамаи ташаббусхои дар доираи иктисодиёти раками ва инноватсия (20252030 солхо) амалишаванда мехисобад.

Максади асосии рамз баланд бардоштани огохи ва эътибори барномахо, лоихахо ва чорабинихои милли дар сохаи раками, инчунин мусоидат ба хамкори байни давлат, бахши хусуси, чомеаи илми ва чомеаи шахрванди мебошад. Рамз инчунин хохиши Точикистонро ба хамкории глобалии раками инъикос мекунад.

Мутахассисони Агенти таъкид мекунанд, ки рамз воситаи хавасмандкуни барои хамаи иштирокчиёни раванди ракамисозии кишвар хохад буд. Он дар чорабинихо, коммуникатсияхо ва пойгохи додахои расми истифода мешавад ва тасвири ягона ва шинохташавандаи хадафхои солхои иктисоди раками ва инноватсияро таъмин мекунад.

Агенти аз шарикон, навоварон ва шахрвандон даъват мекунад, ки рамзро фаъолона дастгири кунанд ва дар эчоди оянда сахм гузоранд, ки дар он технология ба рушди устувор, тахкими иктисод ва баланд бардоштани сифати зиндагии хар як шахс мусоидат мекунад.

АКСХО: Агентии инноватсия ва технологияи ракамии назди Президенти Чумхурии Точикистон

error: