Душанбе, 02 июн, «АИ Караван» Инфо. Дар чараёни конфронси байналмилалии сатхи баланд оид ба хифзи пиряххо расман эълон шуд, ки Точикистон ба Иттиходи Байналмилалии хифзи табиат (ИБХТ) хамчун 88-умин давлати узв пайвастааст. Дар ин бора Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон хабар дод.

Ин руйдоди мухим эътирофи байналмилалии мавкеи фаъоли Точикистон дар сохаи хифзи мухити зист, аз чумла дар сохаи хифзи пиряххо ва таъмини амнияти об гардид.
Тибки карори Хукумат, Кумитаи хифзи мухити зист макоми масъул барои хамкори бо ИБХТ, яке аз кадимтарин ва бонуфузтарин созмонхои табиат ва гуногунии биологи таъин шудааст.
Узвияти Точикистон дар ИБХТ ба кишвар дастраси ба ташаббусхои байналмилалии хифзи табиат, экспертизаи илми, барномахои маблаггузори, инчунин чори намудани стандарти глобалии идоракунии хифзи табиатро мекушояд.
Раиси Кумита Баходур Шерализода чонибдории катъии кишварро ба халли мушкилоти экологии замони муосир тасдик намуд, дар холе ки директори генералии ИБХТ Грэтел Агилар ахамияти иштироки Точикистонро дар талошхои глобалии хифзи табиат кайд намуд.
Ин чорабини як кадами навбати дар рохи рушди устувор ва хамбастагии байналмилалии экологии кишвар буд.
АКСХО: Кумитаи хифзи мухити зисти назди Хукумати Чумхурии Точикистон