Душанбе, 18 июл, АИ «Караван Инфо». Санаи 16 июл дар шахри Душанбе мулокоти мухим байни директори Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон Хабибулло Назарзода ва Вазири рушди иктисоди ва сайёхии Аморати Муттахидаи Араб (АМА), раиси раёсати Асосии авиатсияи граждани Абдулло ибни Тавк Ал-Марри баргузор гардид.

Бо таъкид ба дастовардхои назарраси сохаи авиатсионии точикистон тахти рохбарии Президент Эмомали Рахмон, чониби точикистон фаъолияти худро оид ба тавсеаи алокаи хавои ва баланд бардоштани сифати хизматрасонихои авиатсиони кайд намуд.
Чонибхо дурнамои хамкории дучонибаро барраси намуда, ба рушди авиатсияи шахрванди хамчун унсури мухими тахкими робитахои иктисоди ва густариши чараёни сайёхи байни кишвархо диккати махсус доданд.
Аз чумла, имкониятхои кушодани хатсайрхои нави хавои байни Пойтахти Точикистон шахри Душанбе ва аморати Шарджа ва Абу-Даби барраси шуданд.
Дар айни замон парвози мустаким байнишахри Душанбе ва Дубай амал мекунад, ки онро Ширкатхои Хавопаймоии “Сомон Эйр” ва “FlyDubai” хидмат мерасонанд. Иштирокчиёни мулокот омодагии худро барои афзоиши минбаъдаи басомади парвозхо ва соддагардонии расмиёти сафар барои мусофирон изхор доштанд.
Вазир Ал-Марри ва директор Назарзода таъкид намуданд, ки дар доираи форуми дарпешистодаи иктисоди ва сармоягузори ба имзо расонидани еддошти хамкори дар сохаи алокаи хавои байни Точикистон ва АМА мухим аст. Ин як кадами навбати ба суи хамгироии бештари системахои наклиётии ду кишвар хохад буд.
Хайати АМА бо сарварии вазири рушди иктисод ва сайёхи кори худро дар шахри Душанбе идома дода, дар форуме, ки ба тахкими робитахои иктисоди ва сармоягузори равона шудааст, иштирок хохад намуд.
АКСХО: Агентии авиатсияи граждании назди Хукумати Чумхурии Точикистон