Душанбе, 18 июл, АИ «Караван Инфо». Хамкории сайёхии Точикистону Аморати Муттахидаи Араб ба мархилаи нав мебарояд. Имруз дар шахри Душанбе мулокоти раиси Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон Чамшед Чумахонзода бо Вазири иктисод ва сайёхии АМА Абдулло ибни Тавк Ал-Марри баргузор гардид.

Тавре ки Кумитаи рушди сайёхи хабар дод, чонибхо кадамхои мушаххасро барои амиктар намудани хамкорихои дучониба, аз чумла дар масъалахои:
- мубодилаи тачриба байни ширкатхои сайёхи,
- тахияи якчояи махсулоти сайёхи,
- ташкили сафархо ва барномахои мубодила барои сайёхони харду кишвар.
Мулокот кисми мухими омодаги ба форуми иктисоди, сармоягузори ва сайёхи, ки санаи 17 июл дар шахри Душанбе баргузор мешавад, гардид. Дар чорабини намояндагони сохторхои тичоративу сайёхии Точикистон ва Аморати Муттахидаи Араб иштирок мекунанд.
Чонибхо ба имкониятхои чалби сайёхон аз Аморатхо ба Точикистон — кишвари дорои таърихи бой, табиати гуногун ва иктидори афзоянда дар сохаи сайёхии экологи ва фарханги таваччухи хоса зохир намуданд. Инчунин пешниходхо оид ба иштироки операторони сайёхии точик дар намоишгоххо ва ярмаркахои АМА барраси шуданд.
Чамшед Чумахонзода кайд намуд:” мо омодаем, ки шарикии устуворро дар асоси манфиати тарафайн ва кадамхои амали барои пешбурди сайёхи бунед кунем”.
Точикистон ба таквияти сайёхии байналмилали хамчун яке аз самтхои афзалиятноки рушди иктисодиёт талош меварзад. Шарики бо Аморатхо хам барои чалби сармоягузори ба инфрасохтори сайёхи ва хам барои пешбурди муштараки бренди миллии сайёхи дар Ховари Миёна уфукхои нав мекушояд.
АКСХО: Кумитаи рушди сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точикистон