Душанбе, 18 июл, АИ «Караван Инфо». Имруз дар Душанбе Мулокоти Вазири молияи Чумхурии Точикистон Файзиддин Каххорзода бо Вазири иктисод ва сайёхии Аморати Муттахидаи Араб Абдулло ибни Тавк Ал-Марри баргузор гардид. Масъалаи асосии муколама густариши хамкори дар сохахои иктисодиёт, молия ва сармоягузори буд.

Ба иттилои Вазорати молияи Точикистон, чонибхо аз сатхи баланди муносибатхои дустона ва мутакобилан судманд изхори каноатманди намуда, омодагии худро барои густариши минбаъдаи онхо тасдик намуданд.
Файзиддин Каххорзода ба Аморот барои сахми назаррас дар рушди инфрасохтори Точикистон, бахусус дар сохтмони роххои автомобилгард изхори сипос намуд.
Вай иктидори сармоягузории кишварро дар сохахои афзалиятноки энергетика, бахши молияви, кишоварзи, наклиёт, саноати сабук ва сайёхи муаррифи намуд ва чониби аморатро ба хамкории фаъол даъват намуд.
Вазир ба лоихаи НБО Рогун диккати махсус дода, ахамияти стратеги ва миллии онро таъкид намуд. Вай аз Аморатхо хохиш намуд, ки ба суръатбахшии расмиёти Фонди рушди Абу-Даби (ADFD) барои чудо намудани маблаггузори барои татбики ин лоихаи бузурги энергетики мусоидат кунанд.
Дар натичаи мулокот чонибхо чонибдории худро ба тахкими шарикии дучониба ва татбики лоихахои муштарак дар асоси эътимод ва манфиати тарафайн тасдик намуданд.
АКСХО: Вазорати молияи Чумхурии Точикистон