Точикистон ва Бонки Сармоягузории Аврупо созишномаи хамкори дар сохаи наклиётро имзо намуданд – ИА Караван Инфо
Точикистон ва Бонки Сармоягузории Аврупо созишномаи хамкори дар сохаи наклиётро имзо намуданд

Чумхурии Точикистон ва Бонки Сармоягузории Аврупо барои маблаггузории лоихахои наклиёти Еддошти тафохум (МВП) – ро имзо намуданд. Маросими имзои санад дар шахри Самарканд дар доираи саммити якуми “Осиёи Маркази – Иттиходи Аврупо” баргузор гардид. Меморандумро Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон Сирочиддин Мухриддин ва муовини президенти бонки сармоягузории Аврупо Кириякос Какурис имзо намуданд.

Ин лоихаи Ёддошт тибки дастури Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ва дар доираи ташаббуси “Дарвозаи Чахони” тахия шудааст. Он ба рушди робитахои устувори наклиёти байни Кишвархои Осиёи Маркази ва Аврупо, аз чумла навсозии инфрасохтор ва бехтар намудани дастраси ба хизматрасонихои наклиёти равона шудааст.

Созишномаи имзошуда барои чалби сармоягузории дарозмуддат ба бахши наклиёти кишвар имкониятхои нав фарохам меорад ва ба хамгироии минтакави ва рушди иктисоди мусоидат мекунад. Тибки ёддошт, бонки Сармоягузории Аврупо ба Точикистон тавассути Вазорати наклиёт барои маблаггузории лоихахои калиди дар сохаи наклиёт ва татбики хадафхои устувори робитахои наклиёти байни Осиёи Маркази ва Аврупо 100 миллион евро маблаг чудо мекунад.

Муовини президенти Бонки Сармоягузории Аврупо таъкид намуд, ки бонк омода аст дар дастгирии лоихахое, ки ба рушди долонхои устувори наклиёти ва тахкими робитахои иктисодии Иттиходи Аврупо ва Кишвархои Осиёи Маркази нигаронида шудаанд, фаъолона иштирок намояд.

Саммити якуми Осиёи Маркази Иттиходи Аврупо имконият дод, ки масъалахои мухимтарини наклиёт, логистика, энергетика, тагйирёбии раками ва экологияро мухокима кунад. Дар саммит ба ташаббусхои бонки сармоягузории Аврупо ва Бонки Аврупоии тачдид ва рушд (БАТР) дар минтака диккати махсус дода шуд.

Каблан Вазири наклиёти Чумхурии Точикистон Азим Иброхим дар Форуми сармоягузори ба робитахои устувори наклиёти, ки дар доираи ташаббуси “Дарвозаи Чахони” дар Брюссел баргузор гардид, иштирок намуда, ахамияти рушди робитахои наклиётиро миени кишвархое, ки ба бахр дастраси надоранд, таъкид намуд. Вай инчунин зарурати сармоягузориро барои бехтар намудани инфрасохтор ва рушди лоихахои “сабз” кайд намуд.

СУРАТ: Вазорати наклиёти Чумхурии Точикистон.

error: