Душанбе, 16 май, АИ Караван Инфо. Точикистон ният дорад дар бандари Чабахори Эрон маркази логистики таъсис дихад, ки ин як кадами мухим дар рушди инфрасохтори наклиёти ва логистикии кишвар ва густариши хамкорихои байналмилали хохад буд. Дар ин бора чонибхо дар чаласаи 17-уми комиссияи Муштараки хамкори, дар Широз баргузор шуд, мувофика карданд.

Дар доираи чаласа хайати точик бо сарварии муовини Вазири наклиёт Шоиста Саидмуродзода ба бандари Чабахор ва минтакаи озоди иктисоди, ки дар майдони 450 гектар чойгир аст, ташриф оварданд. Порт бо дах бандар мучаххаз аст ва кодир аст киштихои боркашро бо иктидори борбардории то 50 хазор тонна кабул кунад.
Тибки иттилои Вазорати наклиёти Точикистон, то охири нимсолаи аввали соли 2025 лоихаи маркази логистики пешниход карда мешавад. Пас аз баррасии он, Эрон шартхои хамкори, аз чумла имтиеёзхои давлатиро пешниход мекунад, ки барои татбики лоихаи муштарак шароити мусоид фарохам меорад.
Таъсиси маркази логистики дар Чабахар ба Точикистон имкон медихад, ки дар доираи коридори мултимодалии «Чин – Точикистон – Узбекистон- Туркманистон -Эрон – Туркия – Аврупо» ба Укёнуси Хинд дастрасии мустаким пайдо кунад. Ин лоиха барои густариши робитахои иктисоди бо Минтакахои Осиё, Ховари Миёна ва Аврупо имкониятхои нав фарохам меорад.
Ёдовар мешавем, ки мохи майи соли 2022 президент Эмомали Рахмон зимни сафари расми ба Техрон ба истифодаи бандархои Чабахор ва Бандар-Аббос барои таъмини хамлу накли самаранок изхори манфиатдори намуда, ахамияти стратегии ин хамкориро барои рушди долонхои наклиёти минтака таъкид намуд.
Аксхо: аз манбаъхои кушода