Душанбе, 24 июн, АИ «Караван Инфо». Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон рузи 23 июн бо Мушовири Кабинети Амири Давлати Катар Мухаммад Ал-Аттия мулокот намуд. Музокирот дар фазои хамдигарфахми сурат гирифт ва манфиати тарафайнро дар тахкими хамкории дучониба таъкид намуд.

Дар огози мулокот Мухаммад Ал-Аттия ба Сарвари давлати Точикистон дуруди самими ва орзухои бехтарини Амири Давлати Катарро расонида, чонибдории Катарро ба рушди муносибатхои дустона ва мутакобилан судманд бо Точикистон тасдик намуд.
Президент Эмомали Рахмон дар навбати худ сатхи кунунии муносибатхои Точикистону Катарро баланд арзёби намуда, махсусан динамикаи мусбати хамкориро дар сатхи оли кайд намуд. Вай аз мундаричаи робитахои дучониба изхори каноатманди намуда, омодагии Точикистонро барои боз хам амиктар намудани шарики таъкид намуд.
Дар чараёни гуфтушунидхо ба густариши хамкори дар бахшхои асоси, аз кабили савдо, иктисод, сармоягузори, энергетика, истихроч ва коркарди захирахои минерали, кишоварзи ва сайёхи диккати махсус дода шуд. Самтхои ояндадори сармоягузории Катар дар Точикистон бо таваччух ба лоихахои инфрасохтори ва технологияхои инноватсиони барраси шуданд.
Банди алохидаи рузнома рушди шарики дар сохаи илм, маориф ва технологияхои пешрафта, аз чумла истифодаи зехни сунъи буд. Чонибхо рози шуданд, ки ин самтхо барои тахкими иктидори кадри ва навсозии иктисодиёти милли ахамияти стратеги доранд.
Дар анчоми мулокот оид ба масъалахои мубрами минтакави ва байналмилали, аз чумла оид ба масъалахои амният ва рушди устувор табодули афкор сурат гирифт.
Ин мулокот бори дигар сатхи баланди эътимоди мутакобилаи Точикистону Катарро тасдик намуд ва барои густариши шарикии стратеги ба нафъи халкхои ду кишвари дуст уфукхои нав кушод.
АКСХО: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон