Душанбе, 09 июл, АИ «Караван инфо». Дар Касри миллат дируз музокироти расми миёни Президенти Чумхурии Точикистон Эмомали Рахмон ва Президенти Чумхурии Киргизистон Садир Жапаров баргузор гардид.
Масъалахои хамкории Точикистону Киргизистон дар мулокоти сарони давлатхо дар хайати танг ва бо иштироки хайатхои расми барраси шуданд.
Сарони давлатхо доираи васеи масъалахои фарогири сиёсат, иктисод, амният, фарханг ва хамкории байналмилалиро барраси намуда, динамикаи мусбатро дар рушди муносибатхои дучониба кайд намуданд.

Президентхо аз анчоми раванди делимитатсияи сархади давлати байни ду кишвар — яке аз масъалахои мухимтарини рузномаи дучониба изхори каноатманди намуданд. Чонибхо кайд намуданд, ки демаркатсияи сархад дар асоси карорхои мувофикашуда идома дорад, ки барои сулху суботи дарозмуддат дар минтака заминаи мустахкам фарохам меорад.
Тахким ва густариши робитахои парлумони воситаи мухимтарини рушди хамкории дучониба номида шуд.
Тахкими хамкории иктисоди, густариши робитахо дар сатхи минтакави, аз чумла байни минтакахои наздисархади зарур дониста шуд.
Яке аз самтхои афзалиятноки афзоиши сармоягузории мутакобила татбики лоихахои муштарак дар сохахои кишоварзи, саноати сабук ва хуроквори эътироф намуда шуд. Пешниход намуда шуд, ки хамкори дар самти содирот ва воридоти махсулоти кишоварзи ва махсулоти хуроквори васеъ намуда шавад.
Чонибхо ба сармоягузори дар минтакахои озоди иктисоди, рушди минтакахои логистики ва саноати ва густариши шарики дар сохаи рушди системахои иттилооти изхори манфиатдори намуданд.
Ба тахкими хамкори дар сохахои ояндадори энергетика, васеъ намудани шохроххои транзити ва наклиети ва зиёд намудани шумораи парвозхо диккати калон дода шуд.
Чониби Точикистон омодагии худро барои рушди хамкори дар сохаи тандурусти, робитахо байни муассисахои илмию тахкикоти, табобатию солимгардони ва санитарию курорти изхор намуд.
Омили мухими тахкими робитахои фарханги ва гуманитари байни халкхо баргузории фестивалхо, намоишгоххо ва дигар чорабинихои фарханги номида шуд.
Дар маркази диккат масъалахои мубориза бо терроризм, экстремизм, радикализми дини, гардиши гайриконунии маводи мухаддир, киберчинояткори ва дигар зухуроти чинояткории муташаккили фаромилли буданд.

Хамчунин, дар халли мушкилоти тагйирёбии иклим, кохиш додани окибатхои гармшавии глобали ва хифзи пиряххо хамкории зич барраси намуда шуд.
Дар атрофи хамкории кишвархо дар доираи созмонхои байналмилали, аз чумла Созмони Милали Муттахид, Иттиходи Давлатхои Мустакил, Созмони ахдномаи амнияти дастачамъи, созмони Хамкории Шанхай ва дигар сохторхои байналмилали ва минтакави сухбати судманд баргузор гардид.
Рохбарон омодагии худро барои пешбурди ташаббусхои муштарак барои тахкими амният, рушди устувор ва вахдати минтакави тасдик намуданд.
Сафари Президенти Чумхурии Киргизистон ва музокироти гузашта як кадами мухим дар рохи шарикии стратеги ва дустии дарозмуддати ду давлати хамсоя гардид.
Аксхо: Хадамоти Матбуоти Президенти Чумхурии Точикистон