Душанбе, 06 июл, – АИ “Караван Инфо».Рузи 3 июл дар шахри Душанбе вазири молияи Чумхурии Точикистон Файзиддин Каххорзода бо раиси Хазинаи рушди Арабистони Сауди Султон Абдуррахмон ал-Маршод мулокот намуд.

Дар пайи мулокоти Чумхурии Точикистон ва Сандуки рушди Арабистони Сауди созишномаи карзи ба маблаги 30 миллион доллар ба имзо расид. Маблаг барои ба амал баровардани лоихаи мухимми инфраструктура — сохтмони рохи халха дар шахри Кулоб сарф намуда мешавад.
Лоиха ахамияти стратеги дорад, зеро он робитахои боэътимоди наклиётиро байни минтакахои чанубии кишвар ва пойтахт таъмин намуда, инчунин дастрасии роххоеро, ки Точикистонро бо кишвархои хамсояи минтака мепайвандад, бехтар хохад намуд.
Созишнома аз густариши хамкорихои иктисодии Точикистон ва Арабистони Сауди дар заминаи рушди зерсохтори наклиёти шаходат медихад.
СУРАТ: Вазорати молияи РТочикистон