Точикистон ва СММ хамкориро оид ба мушкилоти глобали, аз тагирёбии иклим то рушди устувор таквият медиханд – ИА Караван Инфо
Точикистон ва СММ хамкориро оид ба мушкилоти глобали, аз тагирёбии иклим то рушди устувор таквият медиханд

Душанбе, 23 август, АИ «Караван Инфо».  Санаи 21 август дар Душанбе мулокоти Вазири корхои хоричии Чумхурии Точикистон Сирочиддин Мухриддин бо хамохангсози Доимии СММ дар Точикистон Кавилмадам Рамасвами Парвати баргузор гардид.

Мусохибон омодагиро ба чорабинихои байналмилалии дарпешистодаи сатхи баланд барраси намуда, хамчунин дар бораи вазъи кунуни ва дурнамои хамкории Точикистон бо низоми СММ табодули афкор намуданд.

Музокирот ба масъалахое равона намуда шудааст, ки на танхо Барои Точикистон, балки барои тамоми чомеаи байналмилали ахамияти стратеги доранд:

1.        Тагйирёбии иклим ва идоракунии устувори об. Точикистон хамчун ташаббускори дахсолаи Байналмилалии амал” Об барои рушди устувор ” (2018-2028) дар пешбурди дипломатияи оби накши калиди дорад.

2.        Хадафхои рушди устувор( SDGS): дастгирии афзалиятхои милли дар мубориза бо камбизоати, рушди маориф ва тандурусти, тавонмандсозии чавонон ва занон.

3.        Амният ва суботи минтакави.

Ба масъалахои хамкории наздисархади, муковимат ба мушкилоти фаромилли ва тахкими устувори ба тахдидхои муосир диккати махсус дода шудааст.

Чонибхо омодагии худро барои тахкими минбаъдаи хамкорихо тасдик намуда, таъкид доштанд, ки хамкории Точикистону СММ кисми мухими талошхо барои пешбурди суботи чахони ва рушди устувор мебошад.

“Точикистон хамкориро бо СММ хамчун самти стратегии сиёсати хоричии худ мешуморад. Лоихахои муштарак ба кишвар дар халли мушкилоти милли ва сахмгузори дар ташаббусхои чахони кумак мекунанд” гуфт Вазири корхои хоричи Сирочиддин Мухриддин.

Аксхо: Вазорати корхои хоричии Чумхурии Точикистон

error: