Душанбе, 22 май АИ Караван Инфо. 21 май Раиси Мачлиси миллии Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон, Раиси шахри Душанбе Рустами Эмомали бо Дабири кулли Созмони Милали Муттахид Антониу Гутерриш мулокот намуд.

Зимни мулокот самтхои асосии хамкорихои Точикистону СММ мавриди барраси карор дода шуда, ба масъалахои рушди устувор, хифзи мухити зист ва таъмини амнияти минтакави диккати махсус дода шуд.
Рустами Эмомали таъкид дошт, ки Чумхурии Точикистон ба рушди шарики бо СММ ахамияти махсус дода, ин созмонро яке аз мухимтарин иттифокчиёни байналмилалии худ мешуморад.
Дар рафти сухбат аз сатхи афзояндаи хамкории СММ бо парлумонхои милли изхори каноатманди намуда шуд. Раис накши фаъоли макомоти конунгузории Точикистон, аз чумла палатаи болоиро дар татбики ухдадорихои байналмилали, бахусус дар заминаи Стратегияи миллии рушд то соли 2030, ки бо Рузномаи рушди устувор барои давраи то соли 2030 ва Хадафхои рушди устувор хамоханг намуда шудааст, кайд намуд.
Чонибхо ба масъалахои дипломатияи оби, тагйирёбии иклим ва окибатхои он ба инсоният, пешгирии офатхои табии ва хифзи пиряххо диккати махсус доданд. Дар робита ба ин, ахамияти конфронси Байналмилалии хифзи пиряххо, ки аз 29 то 31 май дар Точикистон баргузор мешавад, кайд намуда шуд.
Чонибхо инчунин накши СММ-ро дар таъмини амнияти чахони ва вокуниши он ба чолишхои муосир, аз чумла тахдидхои терроризм ва экстремизм таъкид намуданд.
Дар робита ба вазъи Афгонистон, Рустами Эмомали чонибдории Доимии Точикистонро ба истикрори сулху субот ва рушди устувор дар кишвари хамсоя тасдик намуда, талошхои чомеаи байналмилали ва СММ-ро дар ин самт дастгири намуд.
Хамчунин, дар чараёни сухбат аз сатхи кунунии муносибатхои некхамсоягии байни Кишвархои Осиёи Маркази изхори каноатманди намуда шуд. Имзои Шартнома байни Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Киргизистон дар бораи сархади давлати кадами мухим дар рохи тахкими субот ва хамкории дучониба номида шуд.
Дар хотима, чонибхо дигар масъалахои мубрами рузномаи байналмилалиро низ барраси намуда, омодагии худро барои амиктар намудани шарики изхор намуданд.
АКСХО: аз манбаъхои кушода