Точикистон ва Туркманистон робитахои байнипарлумониро таквият медиханд – ИА Караван Инфо
Точикистон ва Туркманистон робитахои байнипарлумониро таквият медиханд

Душанбе, 21 август, АИ «Караван Инфо». Раиси мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон Файзали Идизода санаи 20 август бо Сафири Фавкулодда ва Ваколатдори Туркманистон дар ЧТ Аймурад Кочмурадов мулокот намуд. Мавзуи асосии мулокот густариши хамкории байнипарлумони байни ду кишвар буд.

Файзали Идизода кайд намуд, ки хамкории Точикистону Туркманистон бисёрчониба буда, ба шарофати ташаббусхои созандаи рохбарияти олии харду кишвар — Президенти чумхурии точикистон Эмомали Рахмон, Пешвои Миллии Туркманистон Гурбангули Бердимухаммадов ва Президенти Туркманистон Сердар Бердимухаммадов тадричан густариш меёбад.

Хамкории байнипарлумони имкон медихад, ки мубодилаи тачриба, ташаккули мавкеи мувофикашуда оид ба масъалахои мубрами минтакави ва байналмилали ва дастгирии ташаббусхои созандаи якдигар дар арсаи байналмилали.

Таъкид гардид, ки мачлиси намояндагон минбаъд низ барои рушди муносибатхо дар платформаи механизмхои мавчудаи хамкори, бахусус дар доираи иттиходи Байнипарлумони ва гурухи дустии байни парлумонхои ду кишвар талошхои созанда ба харч хохад дод.

АКСХО: мачлиси намояндагони Мачлиси Олии Чумхурии Точикистон

error: