ДУШАНБЕ, 16 апрели соли 2025 АИ Караван Инфо. Вазири энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон Далер Чумъа бо Вазири энергетикаи Чумхурии Узбекистон Чурабек Мирзомахмудов мулокоти виртуали доир намуд.

Чонибхо масъалахои хамкории дучонибаро, аз чумла дар заминаи татбики лоихаи “Пайвастшави бо системаи ягонаи энергетикии Осиёи Маркази” барраси намуданд.
Хамчунин оид ба масъалахои фаъолияти комиссияи Байнихукуматии Чумхурии Точикистон ва Чумхурии Узбекистон оид ба хамкории тичоративу иктисоди, аз чумла оид ба омодаги ба чаласаи навбати, ки дар рузхои наздик баргузор мегардад, табодули афкор гузаронида шуд.
Изхори бовари намуда шуд, ки муносибатхо дар доираи созишномахои бадастомада дар комиссияи Байнихукумати минбаъд мустахкам ва васеъ хоханд шуд.
АКСХО: Вазорати энергетика ва захирахои оби Чумхурии Точикистон