Токаев барои иштирок дар форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод ба Ашқобод омад – ИА Караван Инфо
Токаев барои иштирок дар форуми байналмилалии сулҳ ва эътимод ба Ашқобод омад

ОСТОНА, 12 декабр 2025г. – АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев ба Ашқобод омад, ки дар он ҷо дар форуми бахшида ба соли байналмилалии сулҳ ва эътимод иштирок мекунад. Дар фурудгоҳ сарвари давлатро Раиси Халк Маслахати Туркманистон Гурбангулӣ Бердимуҳаммедов пешвоз гирифт. Ҷонибҳо ба таври мухтасар оид ба рӯзномаи дахлдор мубодилаи афкор намуданд.

Тоқаев аҳамияти ин чорабиниро қайд намуда, таъкид кард, ки мавзӯъҳои мавриди баррасӣ махсусан дар шароити ноустувори байналмилалӣ ва дар соли 80-умин солгарди таъсиси СММ муҳиманд. Вай изҳори итминон кард, ки ин ҳамоиш саҳми назарраси Туркманистон дар таҳкими суботи ҷаҳонӣ ва ҳамкориҳои минтақавӣ хоҳад буд.

Президент инчунин натичахои сафари ба карибй ба амаломадаи  Сарвари Туркманистон Сердар Бердимуҳаммадовро ба Қазоқистон баланд арзёбӣ намуда, аҳамияти иҷрои созишномаҳои бадастомадаро таъкид намуд.

Дар навбати худ Гурбангулӣ Бердимуҳаммадов ба Токаев барои иштирок дар форуми бахшида ба 30-солагии бетарафии Туркманистон ташаккур гуфт ва динамикаи мусбати муносибатҳои дуҷонибаро қайд намуда, ба мардуми қазоқистон орзуҳои беҳтаринро расонид.

Аксҳо: Акорда

error: