Остона, 05-умиянвари соли 2026–АИ «Караван Инфо». Президенти Қазоқистон Қасим-Жомарт Токаев дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Turkistan” натиҷаҳои асосии соли 2025-ро ҷамъбаст намуд. Ӯ асосии онҳоро бебозгаштии ислоҳоти васеъмиқёс дар кишвар номид.

“Қазоқистон дар роҳи навсозӣ қадами бузурге ба пеш гузошт, ба давлати мутамаддинтар табдил ёфт” гуфт Токаев.
Вай инчунин афзоиши иқтисодиётро беш аз 6% ва афзоиши ММД ба ҳар сари аҳолӣ то 15 ҳазор долларро қайд намуд. Аммо, президент ба масъалаҳои давомдор, аз ҷумла таварруми баланд ишора намуд.
Дар мусоҳиба Сарвари давлат ба як қатор мавзӯъҳои шадид, аз ҷумла ислоҳоти андоз ва энергетика, мубориза бо коррупсия, вазъи артиш ва роҳҳо, инчунин сиёсати хориҷӣ дахл намуд.
Токаев соли 2026-ро соли рақамисозӣ ва зеҳни сунъӣ эълон намуд ва баргузории раъйпурсиро оид ба ислоҳоти конститутсионӣ эълон кард.
Аксҳо: Акорда
