Толибон аз Русия дар мубориза бо маводи мухаддир кумак хостаанд. – ИА Караван Инфо
Толибон аз Русия дар мубориза бо маводи мухаддир кумак хостаанд.

АФҒОНИСТОН, 24 декабри соли 2025 – Хабаргузории Karavan Info. Вазорати корҳои дохилии Толибон хабар медиҳад, ки Абдулраҳмон Мунир, муовини вазири мубориза бо маводи мухаддир, бо сафири Русия Дмитрий Жирнов мулоқот карда, аз Маскав хостори ҳамкорӣ дар мубориза бо қочоқи маводи мухаддир ва таъмини деҳқонон бо манбаъҳои алтернативии даромад шудааст.

Дар изҳороти вазорат қайд шудааст, ки муовини вазири корҳои дохилии Толибон гуфтааст:

«Мо [Толибон] умедворем, ки Русия бо мо, бахусус дар таъсиси марказҳои дастгирӣ ва табобати нашъамандон, ҳамкорӣ хоҳад кард».

Дар изҳороти Вазорати корҳои дохилӣ инчунин гуфта шудааст, ки сафири Русия дар Афғонистон Дмитрий Жирнов аз талошҳои Толибон дар мубориза бо маводи мухаддир ситоиш кардааст.

Акс: Вазорати корҳои дохилии Толибон

error: