Трамп ба нафти Русия боч тахдид мекунад: зарба ба иктисод ё фиреби сиёси? – ИА Караван Инфо
Трамп ба нафти Русия боч тахдид мекунад: зарба ба иктисод ё фиреби сиёси?

МОСКВА, 06 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Президенти ИМА Доналд Трамп тахдид намуд, ки 100% бочи воридотии нафту гази Русияро чори мекунад.

Ин икдом, ба гуфтаи у метавонад Русияро аз яке аз манбаъхои асосии даромад — содироти энергетики, ки кисми зиёди бучаро ташкил медихад, махрум кунад.

Шарикони Москва, аз чумла Хиндустон ва Чин, ки кисми зиёди сузишвории Русияро харидори мекунанд, метавонанд зери зарба карор гиранд. Вашингтон инчунин ба имконияти “тахримхои дуюмдарача” алайхи кишвархое, ки тичорати худро бо Русия идома медиханд, ишора мекунад.

Бо вучуди ин, Кремл аллакай чунин ултиматумхоро рад намуда буд ва ба андешаи коршиносон, ба эхтимоли зиёд ба таслимшави рох намедихад.

Дар айни хол, ИА махдудиятхоро таквият дод нархи хадди нихоии нафт кохиш ёфт ва садхо киштихои русия баста шуданд, аммо ин нуктаи таназзулро ба бор наовард.

Тибки маълумоти Global Witness, Русия дар тули солхои низоъ беш аз 920 миллиард евро аз содироти захирахои энергетики ба даст овардааст. Харидорони асоси Чин (то 50%), Хиндустон, Туркия ва кишвархои ИА мебошанд. Москва “флоти сояви” ва схемахои мураккаби канорагири аз тахримхоро фаъолона истифода мебарад.

Иктисоддонхо хушдор медиханд: бидуни дастгирии Пекин ва Дехли, стратегияи Амрико метавонад танхо ба фишори кисман табдил ёбад. Гузашта аз ин, чори намудани бочхои дуюмдарача метавонад боиси низоъхои нави тичорати дар Осиё гардад.

Аксхо аз манбаъхои кушода

error: