Доналд Трамп пас аз чанд соати баста шудани участкахои интихоботи худро президенти 47-уми ИМА эълон намуда, ба амрикоихо “асри тиллои” ваъда дод. Вай кайд намуд, ки давраи аввали у бе низоъхои низоми барои кишвар гузашт ва таъкид намуд, ки ният дорад миллатро “шифо дихад”. Дар суханронии худ Трамп илова намуд, ки у бовари дорад, ки Худо чони уро бо ишора ба суикасд дар яке аз гирдихамоихои мохи июл дар Пенсилвания начот додааст.

Дар лахзаи эълон, маълумоти пешаки нишон медихад, ки Трамп ё аллакай 270 овози интихобкунандагонро ба даст овардааст ё ба ин остона наздик аст. Дар холе ки дастаи у муваффакиятро чашн мегирад, бисёре аз рохбарон, аз чумла сарвазири Венгрия Виктор Орбан, шитоб намуданд, ки уро бо пирузи табрик кунанд. Палатаи намояндагони ИМА низ табрикоти худро ирсол намуд.
Тибки маълумоте, ки пеш аз интихобот омада буд, муборизаи Трамп ва ноиби президент Камала Харрис шадид буд ва мумкин аст дар хафт иёлоти асоси хал намуда шавад. Дар пасманзари тафовути афзояндаи хисоби овозхо, Харрис то хол аз эълонхо худдори намуда, таъкид намуд, ки демократхо интизори хисоби пурраи бюллетенхо хоханд буд. Тахлилгарон бо Соли 2016 мукоиса намуданд, вакте ки Хиллари Клинтон мавкеи шабехро ишгол намуд ва пеш аз эътироф намудани шикаст натичахои хисобро интизор шуд.
Аксхо: Evan Vucci