Трамп фармонеро имзо намуд ки забони англисиро дар ИМА расми эътироф кунад – ИА Караван Инфо
Трамп фармонеро имзо намуд ки забони англисиро дар ИМА расми эътироф кунад

Президенти ИМА Доналд Трамп фармонеро имзо намуд, ки забони англисиро дар кишвар расми эълон мекунад, хабар медихад The New York Times.

Хуччат фармони Маъмурияти Билл Клинтонро бекор мекунад, ки тибки он муассисахои давлати ва гирандагони маблаггузории федерали вазифадоранд, ки ба одамоне, ки забони англисиро намедонанд, дастгирии забони расонанд. Аммо, фармони нав ба шуъбахо имкон медихад, ки дар холати зарури хидматхоро бо забонхои дигар пешниход кунанд.

Ин карор барои харакати “танхо англиси” пирузии калон буд, ки муддати тулони барои махдуд намудани тахсилоти дузабони ва кохиши мухочират баромад менамуд. Дар айни замон, зиёда аз 30 иёлот аллакай забони англисиро забони давлатии худ эътироф намудаанд.

“Таъсиси забони англиси хамчун забони расми ба вахдат мусоидат мекунад, самаранокии хукуматро баланд мебардорад ва барои иштироки шахрванди шароит фарохам меорад” гуфт Кохи Сафед дар изхорот.

Чонибдорони харакати “Амрико пеш аз хама”, ки Трамп пешбари менамуд, аз ин фармон пуштибони намуданд. Ёдовар мешавем, ки дар соли 2015, хамчун номзад ба макоми президенти, Трамп аллакай дар ин бора изхори назар намуда, гуфт:” ин кишварест, ки ба чои испани бо забони англиси харф мезанад ” ва ракиби худ Чеб Бушро барои истифодаи забони испани дар суханронихои оммави танкид намуд.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: