Транзит тавассути Осиёи Марказӣ: тамоюлҳо, чолишҳо ва дурнамои Тоҷикистон
Дар панҷ соли охир ҳаҷми боркашониҳои транзитӣ тавассути кишварҳои Осиёи Марказӣ 70 дарсад афзуда, ба тақрибан 35 миллион тонна расидааст, хабар медиҳад Бонки рушди авруосиёӣ (БРАО).
Қисми зиёди борҳои транзитӣ ба ҳиссаи Қазоқистон ва Ӯзбекистон рост меояд — беш аз 80 дарсад аз ҳаҷми умумӣ. Дар ҳамин ҳол, тақрибан 60 дарсади интиқолҳо тавассути роҳи оҳан амалӣ мегарданд ва зиёда аз 70 дарсади борҳо аз масирҳои байни Чин, Русия, Туркия, Афғонистон ва кишварҳои Аврупо мегузаранд.
Ин нишондиҳандаҳо тамоюли устуворро инъикос мекунанд: Осиёи Марказӣ мавқеи худро ҳамчун гиреҳи муҳими нақлиётӣ миёни Шарқ ва Ғарб таҳким мебахшад.
Бар асоси маълумоти Нозироти лоиҳаҳои нақлиётии БРАО, то соли 2035 ба рушди инфрасохтори нақлиётии минтақа беш аз 52 миллиард доллар сармоягузорӣ пешбинӣ шудааст.
Қазоқистон ҳамоно маркази асосии транзитии минтақа боқӣ мемонад: дар соли 2024 ҳаҷми борҳои гузаранда аз қаламрави он тақрибан 17 миллион тонна ё тақрибан нисфи тамоми интиқолҳоро (48–50%) ташкил додааст.
Ӯзбекистон тақрибан 11 миллион тонна (31–32%), Туркманистон — тақрибан 4,5 миллион тонна (13%) бор интиқол додаанд.
Ҳаҷми хурдтар ба Қирғизистон (1,8 миллион тонна, 5%) ва Тоҷикистон (0,4 миллион тонна, каме беш аз 1%) рост меояд.
Шабакаи рушдиёфтаи роҳи оҳани Қазоқистон ва иштироки фаъолонаи он дар масирҳои байналмилалӣ, аз ҷумла «Шимол – Ҷануб» ва долони Трансқаспӣ, мавқеи пешсафии ин кишварро таъмин менамояд.
Ӯзбекистон мавқеи худро тавассути навсозии инфрасохтор ва истифодаи роҳҳои транзитӣ тавассути Афғонистон ва Эрон таҳким мебахшад.
Туркманистон бошад, робитаҳои худро бо Озарбойҷон ва Туркия тавассути Баҳри Каспий фаъолона рушд медиҳад.

Дар ҳамин ҳол, саҳми Қирғизистон ва Тоҷикистон ҳоло ҳам хурд боқӣ мондааст, аммо тадриҷан меафзояд — махсусан ба шарофати ташаббуси Чин «Як камарбанд — як роҳ».
Бо вуҷуди он ки ҳаҷми транзит аз соли 2020 қариб ду маротиба афзудааст, саҳми Тоҷикистон дар ҳаҷми умумии минтақавӣ ҳамоно ночиз боқӣ мемонад – тақрибан 1–1,5 дарсад.
Сабабҳои асосии ин вазъ мушкилоти системавии соҳаи нақлиёт мебошанд:
- фарсуда шудани техникаи нақлиётӣ (то 70% воситаҳо ниёз ба иваз доранд);
- ҷудо будани хатҳои роҳи оҳан — се хатти асосӣ бо ҳам пайваст нестанд;
- арзиши баланди тарифҳо ва сатҳи пасти амнияти интиқол;
- норасоии маблағгузорӣ дар бахшҳои логистика ва нақлиёти автомобилӣ (80% мошинҳои боркаш зиёда аз 10 сол истифода мешаванд);
- зичии пасти шабакаи роҳҳо — ҳамагӣ 187 км ба 1000 км², ки аз меъёрҳои ҷаҳонӣ хеле пасттар аст.
Барои беҳсозии вазъият Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи рушди соҳаи нақлиётро амалӣ мекунад, ки дар доираи он пешбинӣ шудааст:
- 1,5 миллион доллар барои таъсиси марказҳои логистикӣ;
- 15 миллион доллар барои сохтмони терминалҳои наздисарҳадӣ;
- 7 миллион доллар барои қарзҳои имтиёзнок ҷиҳати навсозии паркҳои автомобилӣ.
Ҳаҷми умумии маблағгузории барнома то соли 2025 зиёда аз 78,6 миллион долларро ташкил медиҳад, ба истиснои лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ. Дар даҳ соли охир ба бахши роҳи оҳан тақрибан 5,9 миллиард доллар сармоягузорӣ карда шудааст.
Ин маблағҳо барои навсозии локомотивҳо ва вагонҳо, таҷдиди пулҳо, беҳсозии роҳи оҳан ва сохтмони хатҳои нав, аз ҷумла масирҳои Ҷ. Балхӣ – Нижний Пянҷ ва хатсайри «Шимол – Ҷануб» равона мегарданд.

Мавқеи ҷуғрофии Тоҷикистон имкон медиҳад, ки кишвар ба ҳалқаи муҳими шабакаи нақлиётии қитъаи АвруОсиё табдил ёбад, ки Осиёи Марказӣ, Ҷанубӣ ва Шарқиро ба ҳам мепайвандад. Иштироки фаъол дар долонҳои байналмилалии «Шимол – Ҷануб» ва масири Транс-Афғонистон метавонад нақши Тоҷикистонро дар ҷараёнҳои транзитии минтақавӣ ба таври назаррас боло барад.
Тавре муовини раиси Шӯрои идоракунанда ва иқтисодшиноси асосии БРАО Евгений Винокуров таъкид мекунад:
«Осиёи Марказӣ, ки ба баҳр дастрасӣ надорад, ба инфрасохтори босифат ниёз дорад. То соли 2035 барои рушди долонҳои нақлиётӣ тақрибан 53 миллиард доллар лозим мешавад, ки лоиҳаҳои долони “Шимол – Ҷануб” ва масири Транс-Афғонистонро низ фаро мегиранд».
Дар сурате ки ин сармоягузориҳо пурра амалӣ шаванд, Тоҷикистон метавонад аз иштирокчии канории транзит ба бозигари фаъоли логистикаи АвруОсиё табдил ёбад, ки ин имкониятҳои нав барои тиҷорати минтақавӣ ва рушди иқтисодӣ фароҳам меорад.
Манбаъ: «Азия-Плюс»
Акс: аз манбаъҳои боз
