Ҷудо ҳамчун мактаби тарбияи насли солим: баргузории мусобиқаи варзишӣ байни наврасон дар ноҳияи Шуғнон – ИА Караван Инфо
Ҷудо ҳамчун мактаби тарбияи насли солим: баргузории мусобиқаи варзишӣ байни наврасон дар ноҳияи Шуғнон

Шуғнон, ВМКБ, 06 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот».  — Дар доираи нақшаи чорабиниҳои муштараки Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шуғнон, бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, марҳилаи интихобии мусобиқаи вилоятӣ оид ба гуштини тарзи ҷудо байни наврасони солҳои таваллуди 2012–2013 баргузор гардид.

Ин чорабинии варзишӣ ба як ҷашни ҳақиқии ҷисмонӣ ва маънавӣ табдил ёфта, зиёда аз 120 нафар варзишгарони наврасро аз шаҳру ноҳияҳои гуногуни вилоят муттаҳид намуд. Иштирокчиён бо омодагии хуб, интизоми баланд ва маҳорати варзишии худ рақобати солим нишон дода, азми ҷиддии худро барои пешрафт дар варзиш ба намоиш гузоштанд.

Дар маросими ифтитоҳи мусобиқа сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ Амирҷонзода Солеҳҷон ва муовини сардори раёсат Бачабеков Аслиддин иштирок намуда, суханронӣ карданд. Зимни баромадҳои худ онҳо аҳамияти рушди варзиш, махсусан гуштини ҷудоро дар тарбияи насли ҷавон таъкид намуда, чунин мусобиқаҳоро омили муҳим дар муайян ва дастгирии истеъдодҳои варзишӣ арзёбӣ карданд.

Гуфта шуд, ки дар даврони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳаи варзиш, бахусус гуштини ҷудо, таҳти таваҷҷуҳи доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор дорад. Сиёсати варзишпарваронаи Сарвари давлат имкон фароҳам овард, ки варзиш на танҳо ҳамчун василаи солимгардонии ҷомеа, балки ҳамчун муаррифгари шоистаи давлат дар арсаи байналмилалӣ рушд ёбад.

Бо ташаббус ва дастгирии пайвастаи Пешвои муаззами миллат инфрасохтори варзишӣ дар саросари кишвар ба сатҳи нав баромада, даҳҳо қасрҳои варзишӣ, толорҳои муосир ва мактабҳои махсуси варзишӣ бунёд ва мавриди истифода қарор гирифтанд. Ин тадбирҳо барои рушди гуштини ҷудо ва дигар намудҳои варзиш заминаи мусоид фароҳам оварда, ба ҷавонон имконият медиҳанд дар шароити муносиб машқу тамрин намуда, маҳорати касбии худро такмил диҳанд.

Зикр гардид, ки ғамхории доимии Пешвои миллат нисбат ба варзишгарон, қадрдонии ғолибони мусобиқаҳои байналмилалӣ ва дастгирии иҷтимоии онҳо рӯҳияи варзишгаронро боз ҳам боло бурда, онҳоро ба фатҳи қуллаҳои нав ҳидоят мекунад. Маҳз дар натиҷаи чунин таваҷҷуҳи давлат, варзишгарони тоҷик дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ, қитъавӣ ва олимпӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардида, Парчами давлатиро бо ифтихор барафрохтаанд.

Дар фарҷоми мусобиқа ғолибон ва ҷоизадорон бо медалҳо ва ифтихорномаҳои Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ қадрдонӣ гардида, ба онҳо роҳхат барои иштирок дар Чемпионати Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шуд. Ташкилкунандагон изҳори умед намуданд, ки чунин мусобиқаҳо дар оянда низ пайваста баргузор гардида, барои рушди ҷудо, тарбияи варзишгарони касбӣ ва таҳкими тарзи ҳаёти солим дар байни наврасон саҳми арзанда мегузоранд.

Ин мусобиқа бори дигар нишон дод, ки варзиш, бахусус гуштини ҷудо, на танҳо майдони рақобат, балки мактаби тарбияи ирода, ватандӯстӣ ва худшиносии насли наврас дар Тоҷикистон мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон

error: