Душанбе, 22 декабр, 2025 – АИ «Корвон Иттилоот». Ҳунармандон ва меҳмонони Фестивали «Сӯзании Панҷакент» дар Кохи фарҳанги ба номи Олим Бобоев ҷамъ омада, намунаҳои беназири ҳунари мардумии давлатҳои иштирокчиро тамошо карданд.

Президенти Шӯрои байналмилалии ҳунармандӣ Саад-ал-Каддуми ва ҳайати ҳамроҳонаш ҳамроҳи роҳбарони ҳайатҳои ҳунармандони давлатҳои иштирокчӣ, муовини раиси вилояти Суғд Ҷамшед Ҷӯразода ва раиси шаҳр Абдухолиқ Холиқзода даҳҳо намунаи ҳунарҳои мардумиро аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Эрон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Русия, Туркия, Озарбойҷон, Булғористон ва дигар кишварҳо дидан карданд.


Ба меҳмонон махсусан маснуоти кулолӣ, заргарӣ, қолинбофӣ, муҳрабофӣ, ткачество, ороишоти миллӣ, рассомӣ, асбобҳои мусиқӣ, оҳангарӣ, кордсозӣ ва сабадбофӣ писанд омад. Ба диққати ҳамагон корҳои рассоми Панҷакент Зиёвиддини Нақшбанд ҷалб шуд, ки бо истифода аз пояи гандум портрети шахсиятҳои таърихӣ ва рӯйдодҳоро эҷод мекунад.
Иштирокчиён таъкид карданд, ки чунин чорабиниҳо барои мубодилаи таҷриба, рушди ҳамкорӣ, эҳё ва пешбурди ҳунарҳои мардумӣ, васеъ намудани бозори маҳсулот ва таҳкими дӯстӣ байни миллатҳо аҳамияти калон доранд.


АКС: Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент
