Вақте «бурҷҳои обии» Осиёи Марказӣ об мешаванд: оё минтақа метавонад аз буҳрони об ҷилавгирӣ кунад? – ИА Караван Инфо
Вақте «бурҷҳои обии» Осиёи Марказӣ об мешаванд: оё минтақа метавонад аз буҳрони об ҷилавгирӣ кунад?

Таъсироти иқлимӣ, ки аллакай фаро расидааст

Осиёи Марказӣ ба марҳилаи тағйирёбии иқлим ворид мешавад, ки паёмадҳои он бевосита ба амнияти обӣ, озуқаворӣ ва энергетикии минтақа таъсир мерасонанд. Пиряхҳои Помир ва Тён-Шан — ба истилоҳ «бурҷҳои обии» Евразия — босуръат ҳаҷми худро аз даст медиҳанд ва ин раванд дигар мавзӯи пешгӯиҳои абстрактии илмӣ нест. Он ба хатари низомманд барои беш аз 380 миллион нафар табдил меёбад, ки зиндагӣ ва фаъолияти иқтисодии онҳо ба ҷараёни устувори дарёҳои кӯҳӣ вобаста аст.

Пиряхи Ванҷях (Федченко) яке аз бузургтарин пиряхҳои Тоҷикистон ва низоми кӯҳии ҷаҳон ба шумор меравад.
Акс: аз сомонаи
pamirtrips

Пиряхҳо зери таҳдид: рақамҳое, ки стратегияи рушдро тағйир медиҳанд

Тибқи таҳқиқоте, ки дар маҷаллаи Science нашр шудаанд, ба ҳиссаи Осиёи Марказӣ тақрибан 8,5 фоизи талафоти ҷаҳонии массаи пиряхҳо рост меояд — яке аз баландтарин нишондиҳандаҳо дар ҷаҳон. Қуллаи обшавӣ дар минтақа дар солҳои 2035–2055 интизор меравад — маҳз дар ҳамон даврае, ки давлатҳои минтақа ба баистифодадиҳии лоиҳаҳои бузурги гидроэнергетикӣ, обёрӣ ва зерсохторӣ умед мебанданд.

Ин фосилаи замонӣ миёни интизориҳои сармоягузорӣ ва воқеияти иқлимӣ хатари калидии стратегиро ба вуҷуд меорад: манбаъҳои об метавонанд пеш аз анҷоми лоиҳаҳое, ки бар устувории онҳо ҳисоб карда шудаанд, коҳиш ёбанд.

Чаро Помир ва Тён-Шан босуръаттар об мешаванд.

Сабаби асосии суръат гирифтани обшавӣ, пеш аз ҳама, болоравии ҳарорат аст. Таҳқиқоти ташаббуси Glacier MIP нишон медиҳанд, ки суръати гармшавии глобалӣ ба таври назаррас афзудааст: агар аз соли 1850 ҳарорат ба ҳисоби миёна дар ҳар даҳсола 0,06°С боло мерафт, пас аз солҳои 1980-ум ин нишондиҳанда то 0,20°С расидааст. Экосистемаҳои баландкӯҳи Помир ва Тён-Шан ба ин тағйирот ба таври махсус ҳассосанд.

Ба арзёбии олимон, дар сурати гармшавии глобалӣ то 1,9°С, Осиёи Марказӣ метавонад то нисфи пиряхҳои худро аз даст диҳад. То охири асри XXI ҳарорати миёнаи солона дар минтақа эҳтимолан то 6°С боло меравад, ки барои экосистемаҳо, кишоварзӣ ва низомҳои таъминоти об озмоиши ҷиддӣ хоҳад буд.

Дарёҳо ҳамчун пояи устуворӣ — ва манбаи хатар

Пиряхҳо Амударё ва Сирдарё — дарёҳои калидии минтақа — ро ғизо медиҳанд, ки энергетика, обёрӣ ва саноат ба онҳо вобастаанд. То 74 фоизи ҷараёни Амударё аз ҳисоби барф ва обшавии ях ташаккул меёбад. Таназзули онҳо на танҳо ба норасоии об, балки ба афзоиши падидаҳои шадид — обхезиҳо, селҳо ва рахна шудани кӯлҳои пиряхӣ — меорад.

Аз пешгӯӣ ба амал: чаро БОР барномаи G2F-ро оғоз мекунад

Дар пасманзари афзоиши хатарҳои иқлимӣ, Бонки осиёии рушд (БОР) барномаи бузурги минтақавии «Аз пиряхҳо то киштзорҳо» (Glacier to Farms, G2F)-ро бо буҷети умумии 3,5 миллиард доллари ИМА оғоз намудааст. Барнома нӯҳ кишварро — аз Қафқоз то Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва Ӯзбекистон — фаро мегирад.

Хусусияти асосии G2F гузариш аз лоиҳаҳои парокандаи иқлимӣ ба занҷираи пурраи мутобиқшавӣ мебошад: аз мониторинги моҳворавӣ ва заминии пиряхҳо то ҳифзи деҳқонон, навсозии инфрасохтори коммуналӣ ва ҷорӣ намудани механизмҳои суғуртавӣ дар кишоварзӣ.

3,5 миллиард доллар — сармоягузорӣ ба устуворӣ

Модели молиявии G2F бар асоси принсипи афзоянда (мултипликатор) сохта шудааст: ҳар як доллари сармоягузорӣ бояд то даҳ доллари иловагӣ ҷалб намояд. Аз ҳаҷми умумии маблағгузорӣ 250 миллион долларро Фонди сабзи иқлимӣ таъмин мекунад.

Барнома чанд сатҳи таъсирро якҷо мекунад:

  • илмӣ — мониторинги пиряхҳо, қабати барф ва иқлим;
  • иқтисодӣ — ҳифзи кишоварзӣ ва энергетика;
  • иҷтимоӣ — коҳиши хатарҳо барои ҷамоатҳои осебпазири кӯҳӣ;
  • институционалӣ — ҳамоҳангсозии фаъолияти Гидромет, хадамоти ҳолатҳои фавқулода, ниҳодҳои энергетикӣ ва аграрӣ.

Дар асл, сухан аз гузариш аз муҳокимаи таҳдиди иқлимӣ ба посухи молиявӣ ва техникии дақиқ меравад.

Тоҷикистон: огоҳии пешакӣ ба ҷои вокуниши буҳронӣ

Барои Тоҷикистон, ки қариб тамоми неруи барқи он дар неругоҳҳои барқи обӣ тавлид мешавад ва қисми зиёди аҳолӣ дар минтақаҳои кӯҳӣ зиндагӣ мекунад, барномаи G2F санҷиши омодагӣ ба чолишҳои иқлимии асри XXI ба ҳисоб меравад.

Лоиҳаи озмоишӣ тақвияти хадамоти гидрометеорологӣ, густариши мониторинги барф, пиряхҳо ва лағжишҳои замин, ҳамчунин таъсиси низоми муосири огоҳии пешакӣ дар ҳавзаи дарёи Панҷро пешбинӣ мекунад. Ин низом маълумотро оид ба кӯлҳои пиряхӣ, боришот, селҳо ва фаъолиятҳои сейсмикӣ муттаҳид намуда, имкон медиҳад аҳолӣ пешакӣ аз таҳдидҳо огоҳ карда шавад.

«Буҳрони зинавӣ»: занҷираи таҳдидҳои ба ҳам пайваста

Коршиносони БОР ва ICIMOD равандҳои ҷориро ҳамчун «буҳрони зинавӣ» тавсиф мекунанд, ки дар он як тағйироти иқлимӣ занҷираи паёмадҳоро ба роҳ меандозад — аз лағжишҳои замин ва обхезиҳо то хушксолӣ ва талафи ҳосил. Аз асри XIX дар минтақа тақрибан 500 ҳолати рахна шудани кӯлҳои пиряхӣ ба қайд гирифта шудааст ва то охири аср шумораи онҳо метавонад се баробар афзояд.

Таҷрибаи Тоҷикистон дар мониторинги кӯли Сарез нишон медиҳад, ки сармоягузорӣ ба огоҳии пешакӣ метавонад хатари фоҷиаҳо ва талафоти ҷонӣро ба таври назаррас коҳиш диҳад.

Фишори энергетикӣ ҳамчун паёми оянда

Аллакай имрӯз Тоҷикистон бо шадид шудани низомҳои истеъмоли неруи барқ бинобар коҳиши захираҳои об рӯ ба рӯ шудааст. Паст рафтани сатҳи об дар обанборҳои Норак ва Қайроққум бевосита ба ҳаҷми тавлиди неруи барқ таъсир мерасонад. Ба иттилои «Тоҷикгидромет», омилҳои асосӣ коҳиши боришот, тағйирёбии иқлим ва афзоиши мушкилоти экологӣ мебошанд.

Коршиносон таъкид мекунанд: вазъият ҳанӯз идорашаванда аст, аммо навсозии низомманди энергетика ва мутобиқсозии иқтисод ба воқеиятҳои нави иқлимиро талаб мекунад.

Имконият, на танҳо таҳдид

Имрӯз 87,6 фоизи ниёзҳои минтақа ба маблағгузории иқлимӣ қонеъ намегарданд. Барномаи G2F барои пӯшонидани ҳамзамони се камбуд — илмӣ, молиявӣ ва институционалӣ — равона шудааст. Барои кишварҳои кӯҳистонии Осиёи Марказӣ ин на танҳо масъалаи бақо, балки имкониятест барои табдил ёфтан ба майдони ташаккули моделҳои глобалии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим.

Дарёи Панҷ, ки бо ҳамроҳшавӣ бо Вахш Амударёро ташкил медиҳад.
Акс: Мария Фадеичева / rtraveler

Манбаъ: «Азия-Плюс»

error: