Вакилони аврупо талаб намуданд ки узвияти Венгрия дар Минтакаи Шенген боздошта шавад – ИА Караван Инфо
Вакилони аврупо талаб намуданд ки узвияти Венгрия дар Минтакаи Шенген боздошта шавад

Ба президенти Комиссияи Аврупо Урсула фон дер Ляйен 67 вакили аврупо мурочиат намуданд, ки узвияти Венгрияро дар минтакаи Шенген пас аз карори Будапешт дар бораи сабук намудани низоми раводид барои русхо ва белорусхо боздоранд. Дар ин бора хабар медихад Tengrinews.kz бо истинод ба “Хакикати Аврупо”.

Аксхо: facebook/facebookbanviktor

Икдоми мурочиатро евродепутати литва Петрас Ауштрявичюс ва епродепутати Чехия Дануше Нерудова огоз намуданд. Дар нома вакилон кайд мекунанд, ки Сарвазир Виктор Орбан бо тамдиди барномаи мухочиратии “харитаи милли” сабри Иттиходи Аврупоро бештар эхсос мекунад. Ин барнома ба мехмонони Беларус ва Русия имкон медихад, ки ба Каламрави Венгрия ворид шаванд, бидуни ичозати амният кор кунанд ва оилахои худро биёранд.

“Сарвазир Орбан беш аз пеш сабри ИА-ро аз сар мегузаронад… дар ин мох хукумати Венгрия барномаи мухочиратии худро “харитаи милли” тамдид намуд, ки ба мехмонони Беларус ва Русия имкон медихад, ки ба каламрави Венгрия ворид шаванд. Сохиби чунин корт хукук дорад дар Венгрия бидуни ичозати амният кор кунад ва метавонад оилаи худро ба кишвар биёрад”, – гуфта мешавад дар нома.

Вакилони Аврупо ин карори Орбанро “бемасъулияти” номиданд, ки барои хамаи кишвархои узви Иттиходи Аврупо ва шахрвандони он хатари чиддии амнияти дорад.

“Ин мехмонони раводиди Венгрия метавонанд дар тамоми Минтакаи Шенген озодона харакат кунанд. Бе назорати дуруст, хавфе вучуд дорад, ки ин шахрвандони гайриаврупои метавонанд шабакаи чосусии русияро дар ИА таквият диханд. Вазифаи мо, хамчун ниходхои аврупои, хифзи шахрвандони аврупо аз ин тахдидхо аст, на пурра кушодани марзхо барои кишвархое, ки моро душмани худ мешуморанд”, – гуфта мешавад дар нома.

Муаллифони нома бар ин назаранд, ки агар хукумати Венгрия сиёсати худро тагйир надихад, комиссия ва хамаи намояндагони Иттиходи Аврупо бояд хузури Венгрияро дар Минтакаи Шенген зери шубха гузоранд ва барои химояи шахрвандони аврупо, аз чумла дар холати зарури, воситахои нави назорат дар марзхои Венгрия тадбирхои нав чори кунанд.

Вакилони аврупо илова намуданд, ки “кишвархои Дигари Минтакаи Шенген хукук доранд раводиди аз чониби Венгрия ба шахрвандони Русия ва Беларус додашударо бо окибатхои дахлдор эътироф накунанд”.

Каблан комиссари корхои дохилии аврупо Илва Юханссон ба хукумати Венгрия мурочиат намуда буд, ки мавкеи худро дар робита ба карори осон намудани вуруди шахрвандони Русия ва Беларус ба кишвар шарх дихад. Ба гуфтаи вай, тавсеаи барномаи венгрии “харитахои милли” ба русхо ва белорусхо метавонад дастрасии чосусон ва диверсантхои эхтимолиро ба ИА осон кунад.

Аз мохи июл макомоти Венгрия шароити вуруд ба каламрави кишварро барои шахрвандони Русия ва Беларус содда намуданд. Хамин тарик, русхо ва белорусхо метавонанд ба Иттиходи Аврупо тавассути Венгрия бемамониат ворид шаванд ва ба дигар кишвархои Иттиходи аврупо сафар кунанд. Ин ба он сабаб имконпазир шуд, ки рохбарияти Венгрия шахрвандони Федератсиям Русия ва Беларусро ба барномаи ба истилох “харитаи милли” (яке аз намудхои ВНЖ дар Венгрия) илова намуд, ки ба у имкон медихад, ки ба кор дарояд ва оилаашро бо худ биёрад.

error: