Губернатори Вилояти Ростов Василий Голубев дар бораи истеъфо ва гузаштан ба вазифаи нав эълон намуд. Дар бораи карори худ у дар шабакаи телеграммаи худ хабар дода, ба сокинони минтака ва рохбарияти кишвар барои солхои хамкори ташаккур гуфт.

“Дар пеш корхо ва вазифахои нав хастанд. Аммо дар хар кучое, ки ман минбаъд кор кунам, афзалияти бечунучарои ман хамеша дастгири ва рушди Вилояти дустдоштаи Ростов хохад буд”, — навиштааст у, бе мушаххас намудани накшахои минбаъдаи мансаб.
Голубев, ки аз соли 2010 вазифаи губернаторро ишгол менамуд, се мухлат кор кард ва бояд соли 2025 аз вазифа истеъфо медод. Аммо, ба гуфтаи коршиносон, рафтани у ба муддати тулони дар вазифа буданаш вобаста аст. Сиёсатшинос Виталий Иванов кайд намуд, ки Голубев “аъзои кисми бехтарини корпуси губернатори” аст, аммо илова намуд, ки “ба чавонон рох додан лозим аст”.
Голубев, ки соли 1957 дар вилояти Ростов таваллуд шудааст, аз чавони орзу менамуд, ки лётчик шавад ва ба институти авиатсионии Харков дохил шавад, аммо дар нихоят институти идоракунии Москваро хатм намуд. Дар тули фаъолияти худ у дар маъмурияти вилояти Москва вазифахои гуногунро ишгол намуд ва соли 2010 вилояти Ростовро рохбари намуд.
Аксхо: Хукумати Вилояти Ростов