Душанбе, 17 ноябр, – АИ «Корвон Иттилоот». Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатторӣён дар аввалин вохӯрии раҳбарони вазоратҳои фарҳанги кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки дар Тошканд баргузор гардид, иштирок намуд.

Ҳадафи асосии ин чорабинӣ густариши ҳамкории фарҳангӣ байни давлатҳои минтақа, тақвияти мубодилаи таҷриба ва рушди ташаббусҳои муштараки соҳаи санъат ва мероси фарҳангӣ мебошад.
Дар доираи вохӯрӣ ҳамчунин Конгресси байналмилалии «Мероси маънавият ва маърифат дар Осиёи Марказӣ» баргузор гардид, ки ба ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таҳкими равобити гуманитарӣ миёни кишварҳои минтақа бахшида шуда буд. Дар ҷараёни конгресс имкониятҳо ва лоиҳаҳои муштараке баррасӣ шуданд, ки барои таблиғи анъанаҳои фарҳангӣ ва тақвияти пайвандҳои таърихӣ ва таълимӣ мусоидат мекунанд.
Вазири фарҳанги Тоҷикистон Матлубахон Сатторӣён таъкид намуд, ки баргузории чунин вохӯриҳо барои баланд бардоштани сатҳи ҳамкории фарҳангӣ ва густариши алоқаи давлатҳои Осиёи Марказӣ дар соҳаҳои санъат, таълим ва ҳифзи мероси фарҳангӣ аҳамияти бузург доранд.
АКС: аз манбаъҳои боз
