Санаи 8 июли соли 2024 муовини Сарвазир-Вазири корхои хоричии Чумхурии Казокистон Мурат Нуртлеу бо Муовини Раиси Хучраи Вазирон, Вазири корхои хоричии Туркманистон Рашид Мередов, ки бо сафари расми дар Казокистон карор дошт, мулокот намуд.

Чонибхо рушди хамкорихои казокистону туркманистонро, аз чумла дурнамои хамкори дар сохахои сиёси, тичоратию иктисоди, транзити-наклиёти, энергетики ва фарханги-гуманитари, инчунин чадвали чорабинихои байналмилалии дарпешистодаро дар сатхи оли ва баланд барраси намуданд.
Вазири корхои хоричии Казокистон хамкорашро бо баргузории Бомуваффакияти Рузхои фарханги Туркманистон дар Казокистон, инчунин бо кушодани мучассамаи мутафаккир ва шоири туркман Махтумкули Фраги дар Остона табрик гуфт.
Кабл аз ин санаи 27 май, рохбарони идорахои сиёсати хоричи низ дар Остона гуфтушунид намуданд.
Илова ба чанбахои сиёсии муносибатхои дучониба масъалахои рушди хамкории тичоратию иктисоди барраси намуда шуданд. Дар панч соли охир хачми тичорати мутакобилаи байни Казокистон ва Туркманистон кариб 4 баробар афзудааст. Танхо соли 2023 гардиши мол 28 фоиз афзуда, ба 563 миллион доллар расид.
“Дар семохаи аввали соли чори хачми тичорат байни ду кишвар аз 100 миллион доллар гузашт. Тамоюлхои мусби ба ичрои вазифаи сарони давлатхо оид ба афзоиши тичорати мутакобилаи мо то 1 миллиард доллар дар ояндаи наздик эътимоди бештар мебахшанд”, – кайд намуд М.Нуртлеу.
Дар навбати худ, намояндаи Туркманистон дар бораи дастгирии Казокистон изхор дошт.
“Туркманистон, аз чониби худ, Казокистонро дар татбики тамоми ташаббусхо ва тавсияхои худ дар сатхи чахони ва минтакави дастгири мекунад. Бовари дорам, ки музокироти имрузаи мо ба рушди минбаъдаи хамкори Байни Туркманистон ва Казокистон мусоидат хохад намуд”, – гуфт Р. Мередов.
Дар рафти вохури ахамияти амик гардонидани кооператсияи минтакави, хусусан зарурати ба итмом расонидани тартиби имзои Шартномаи панччонибаи дусти, хамсоягии нек ва хамкори бо максади рушди Осиёи Маркази дар асри XXI таъкид гардид.
Аксхо: Вазорати корхои хоричии Казокистон