Вазири мудофиаи Қазоқистон бо сафири Чин во хӯрд. – ИА Караван Инфо
Вазири мудофиаи Қазоқистон бо сафири Чин во хӯрд.

Остона, 9 феврали соли 2026-АИ «Караван Инфо». Вазири мудофиаи Қазоқистон Даурен Косанов бо сафири фавқулодда ва ваколатдори Чин дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хан Чунлин мулоқот намуд. Мулоқот дар Вазорати мудофиа баргузор шуд.

Аз ҷониби чин дар мулоқот намояндагони дастгоҳи атташеи ҳарбии Вазорати мудофиаи ЧХХ дар Қазоқистон низ иштирок намуданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо оид ба самтҳои ҷорӣ ва ояндадори ҳамкории дуҷониба мубодилаи афкор намуданд. Онҳо инчунин масъалаҳои таълими ҳарбӣ, ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбӣ – техникиро муҳокима намуданд.

Сурат: ВМ ҶҚ

error: