МОСКВА, 28 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Вазири мудофиаи ФР Андрей Белоусов ба нуктаи фармондехии гурухи Кушунхои “Марказ” ташриф овард, ки дар он чо хисоботи хайати фармондехон ва афсарони штабро дар бораи вазъи кунуни ва амалхои чузъу томхо дар минтакаи масъулият шунид.
Ба истифодаи авиатсияи бесарнишин ва таъминоти модди-техникии кушунхо диккати махсус дода мешуд.

Фармондехи гурух генерал-полковник Валерий Солодчук кайд намуд, ки пойгохи додахои шикастхои душман АБСП сохта шудааст ва мачмуи барномави – аппарати барои тахлили автоматикунонидашудаи маълумоти воридшаванда озмоиш намуда шудааст.
“Хангоми истифодаи ин барнома маълумот барои зехни сунъи чамъ мешавад. Ин муфид аст”, — таъкид намуд Андрей Белоусов.
Ба вазир инчунин истгоххои нави замини барои идоракунии АБСП, ки ба хама намудхои бесарнишинхо бо назардошти муборизаи радиоэлектрони мутобик намуда шудаанд ва Маркази омодасозии системахои бесарнишини мухандиси пешниход намуда шуданд.
Тавре ки сардори нерухои мухандиси генерал-майор Андрей Гандзюк кайд намуд: “хамаи захирахои интернети оид ба истифодаи АБСП назорат намуда мешаванд. Мо хама чизеро, ки дар шабака пайдо мешавад, меомузем. Мо бо мурури замон зиндаги мекунем.”
Ба системахои мустакил диккати махсус дода мешуд: парвози автомати аз руи координатахои додашуда, мачмуахои робототехники барои интиколи провизия, минагузори ва нобуд намудани мустахкамкунии душман.
Дар охири сафар Белоусов ба хайати шахси барои натичахои баланди кори чанги ташаккур гуфт ва барои часорату кахрамони дар минтакаи амалиёти махсуси харби мукофотхои давлати супорид.
Аксхо: kp.ru