Вазири сайёхи ва варзиши ЧК тирандозони казокистонро барои галабахои таърихи мукофотонид – ИА Караван Инфо
Вазири сайёхи ва варзиши ЧК тирандозони казокистонро барои галабахои таърихи мукофотонид

Остона, 2 июли соли 2025-АИ «Караван инфо». Вазири сайёхи ва варзиши Чумхурии Казокистон Ербол Мирзабосинов бо варзишгарон ва сармураббии мунтахаби миллии тирандози бо камон, ки дар мархилаи дуюми Чоми Осиё дар Сингапур натичахои баланд нишон доданд, вохурд.

Вазир кайд намуд, ки варзишгарони казокистони кишварро дар мусобикаи бонуфуз намояндаги намуданд ва муваффакияти онхо дастоварди таърихии мактаби тирандозии ватани мебошад.

“Бо шарофати пирузихои дурахшон ва дастгирии хамачонибаи давлат, таваччух ба камонвари дар кишвар мунтазам меафзояд. Имруз дар Казокистон такрибан 7 000 нафар бо ин намуди варзиш машгуланд. Натичаи дар Чоми Осиё нишондодашуда дастоварди бесобика аст. Пештар, камонварони мо ба чунин муваффакиятхо ноил намешуданд. Ин самараи кори муштараки варзишгарон ва мураббиён аст. Бовари дорам, ки ин муваффакият ба таблиги камонвари дар кишвари мо такони иловаги мебахшад” – гуфт Ербол Мирзабосинов.

Вазир варзишгарони дар мусобикаи континентали барчаста: Адел Жексенбинова, Виктория Лян, Дилмухаммад Мусо, Бунёд Мирзаметов, Андрей Тютюн ва Роксана Юнусоваро бо грамотахои “Курмет” мукофотонид. Ба сармураббии мунтахаби милли Бауирчон Жолдибоев Сипоснома супорида шуд.

Дар мархилаи дуюми Чоми Осиё, ки аз 15 то 20 июн дар Сингапур баргузор шуд, Дастаи Мунтахаби Казокистон дар хисоби дастаии мардон ва чуфтхои омехта медалхои тилло ба даст овард. Дастаи занона дар мусобикаи дастаи биринчи ба даст овард.

Аксхо: Вазорати сайёхи ва варзиши ЧК

error: