Остона, 11 феврали соли 2026 АИ «Караван Инфо». Вазири саноат ва сохтмони Қазоқистон Ерсайин Нагаспаев бо вазири рушди ҳамкории байналмилалии иқтисодии Сербия Ненад Попович мулоқот намуд. Ҷонибҳо ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ ва сармоягузориро баррасӣ намуданд.

Вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории Қазоқистон ва Сербия баррасӣ намуда шуд. Имкониятҳои татбиқи ташаббусҳои муштарак дар саноат, сохтмон, инфрасохтор ва бахшҳои баландтехнологӣ дар заминаи сафари ояндаи роҳбарияти Сербия ба Қазоқистон муҳокима намуда шуданд.
Ба масъалаҳои рушди ҳамкории ҳарбӣ – техникӣ, васеъ намудани кооператсияи истеҳсолӣ ва оғози лоиҳаҳои муштарак диққати махсус дода шуд. Онҳо дар доираи Шӯрои Корӣ муҳокима намуда мешаванд.
Ерсайин Нагаспаев қайд намуд, ки Сербия шарики наздику боэътимоди Қазоқистон дар Балкан мебошад.
“Байни кишварҳои мо меъмории муассири ҳамкорӣ ташаккул ёфтааст, ки муколамаи мунтазами сиёсиро дар бар мегирад” гуфт ӯ.

Дар натиҷаи мулоқот ҷонибҳо нияти рушди минбаъдаи муносибатҳои дуҷонибаро дар асоси эътимоди тарафайн ва ҳамкории мутақобилан судманд тасдиқ намуданд.
Аксҳо: Вазорати Саноати ҶҚ
