Остона, 7 майи соли 2025 АИ Караван Инфо. Дар доираи сафари давлатии дабири кулли кумитаи Марказии хизби Коммунистии Ветнам То Лама мулокоти Вазирони мудофиаи Казокистон ва Ветнам баргузор шуд. Рохбари идораи мудофиаи Чумхурии Казокистон генерал-полковник Руслан Жаксиликов бо Вазири мудофиаи миллии Чумхурии Сотсиалистии Ветнам -Генерали артиш Фан Ван Зянг гуфтушунид намуд.

Генерал-полковник Руслан Жаксиликов хамкорашро бо 135-солагии зодрузи шахси барчастаи Ветнам Хо Ши Мин табрик гуфт. Дар Чараёни мухокимаи масъалахои хамкории дучониба чонибхо самтхои ояндадорро ба монанди сулхчуи, таълими харби ва хамкори дар сохаи харби-техники чудо намуданд.
Генерали артиш Фан Ван Зянг ба шиносои бо мачмааи саноатии Мудофиавии Казокистон изхори манфиатдори намуд ва дар бораи сафари накшавии мутахассисони Ветнам ба чумхури дар соли чори хабар дод. Дар навбати худ, Ввазири мудофиаи Казокистон Генерали артиш Фан Ван Зянгро ба паради харби бахшида ба 80-солагии Галаба дар Чанги Бузурги Ватани даъват намуд.
Дар доираи сафар хайати Ветнам инчунин ба экспозисияи бахшида ба сардори барчастаи низомии шурави Генерал-лейтенант Жансен Кереев, ки дар аввали солхои 80-уми асри гузашта мушовири калони штаби артиши халкии Ветнам ва муовини аввали раиси шурои харбии Вазорати мудофиаи Ветнам буд, ташриф овард ва дар тахкими мудофиа ва сохтмони куввахои Мусаллахи Ветнам сахми назаррас гузошт.
Сурат: ВМ ЧК