Душанбе, 09 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фаъолияти худро идома медиҳад ва баста нашудааст. Дар ин бора 6 феврал вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт.

«Консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ моҳи апрели соли 2003 ифтитоҳ ёфта, то имрӯз фаъолияти худро идома медиҳад», — таъкид намуд роҳбари ниҳоди сиёсати хориҷии кишвар.
Ин изҳорот дар пасманзари хабарҳои зиддунақизе садо дод, ки моҳи декабри соли гузашта дар расонаҳои афғонӣ паҳн шуда буданд. Он замон бархе ВАО хабар дода буданд, ки ҳукумати «Толибон» қарор дар бораи бастани консулгарӣ дар Хоруғ қабул кардааст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон низ он вақт ин маълумотро тасдиқ намуда, зикр карда буд, ки ин қарори ҷониби Афғонистон мебошад.
Бо вуҷуди ин, Сироҷиддин Муҳриддин қайд кард, ки Тоҷикистон фаъолияти ин намояндагиро бо дарназардошти «пайвандҳои таърихии ҷудонопазир ва наздикии забонӣ миёни мардумони Тоҷикистон ва Афғонистон», инчунин дар асоси санадҳои байналмилалии амалкунанда, мувофиқ мешуморад.
Пештар расонаҳои афғонӣ хабар дода буданд, ки ҳукумати «Толибон» Накибулло Деҳқонзодаро аз вазифаи консули Афғонистон дар Хоруғ барканор намуда, гӯё аз 15 декабри соли 2025 фаъолияти консулгарӣ қатъ гардидааст. Нашрияи «8-и субҳ» навишта буд, ки Деҳқонзода, ки ҳанӯз дар замони ҳукумати пешини Афғонистон ба ин вазифа таъйин шуда буд, пас аз иваз шудани ҳокимият бо толибон ҳамкорӣ кардааст ва 120 ҳазор доллар даромади хизматрасониҳои консулгариро ба Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати «Толибон» интиқол додааст.
Дар ҳамин замина, ВКХ Тоҷикистон қаблан ба «Азия-Плюс» баста шудани консулгариро тасдиқ намуда, таъкид карда буд, ки ин қарори худи ҳукумати амалкунандаи Афғонистон мебошад. Ҳамзамон, бархе манбаъҳои афғонӣ барканории Деҳқонзодаро бо нияти муаррифии ӯ ба ҳайси сафири нави Афғонистон дар Тоҷикистон ба ҷойи Зоҳир Ағбар — сафири ҳукумати пешин — рабт медоданд.
Бо вуҷуди ин, намояндагони расмии ҳукумати «Толибон» то ҳол ягон изҳороти расмӣ дар бораи баста ё фаъол будани консулгарӣ дар Хоруғ нашр накардаанд.
Қаблан, худи Накибулла Деҳқонзода моҳи ноябри соли 2023 изҳор дошта буд, ки консулгарии Афғонистон дар шаҳри Хоруғ расман фаъол аст, мустақилона амал мекунад ва мустақиман зери сарпарастӣ ва роҳбарии Вазорати корҳои хориҷии ҳукумати «Толибон» қарор дорад.
Ин қазия дар шароите баррасӣ мешавад, ки Тоҷикистон ягона кишвари Осиёи Марказӣ боқӣ мемонад, ки расман аз набудани муносибатҳои мустақим бо «Толибон» хабар медиҳад. Бо вуҷуди ин, зиёд шудани иттилоъ дар бораи мулоқотҳо ва машваратҳои дуҷониба дар вақтҳои охир гумонҳоро дар бораи эҳтимоли нарм шудани сиёсати Душанбе нисбат ба толибон тақвият медиҳад.
Аз ҷумла, охири соли гузашта расонаҳо дар бораи сафари волии вилояти Балхи Афғонистон Юсуф Вафа ба Душанбе ва мулоқотҳои ӯ бо раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Саймумин Ятимов, инчунин бо раиси Шӯрои уламо ва муфтии Тоҷикистон Саидмукаррам Абдулқодирзода хабар дода буданд.
Пештар низ расонаҳои афғонӣ дар бораи сафари Саймумин Ятимов ба Кобул навишта буданд, аммо мақомоти Тоҷикистон ин маълумотро тасдиқ ё рад накарданд.
АКС: Азия Плюс
