Душанбе, 27 май, АИ Караван Инфо. 24 май раиси Вилояти Сугд Рачаббой Ахмадзода Вазири кишоварзии Узбекистон Иброхим Абдурахмоновро кабул намуд, хабар медихад хадамоти матбуотии Раиси Сугд.

Дар рафти вохури чонибхо роххои тахкими муносибатхои дучонибаро мухокима намуда, ба хамкори дар сохаи кишоварзи диккати махсус доданд.
Ахмадзода таъкид дошт, ки ба шарофати талошхои Президенти Точикистон Эмомали Рахмон ва Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев робитахои байни кишвархо ба сатхи нав баромаданд, ки ин ба густариши хамкорихои иктисоди ва башардустона мусоидат намуд. Вай хамчунин афзоиши назарраси бахшхои саноати ва кишоварзии Вилояти Сугдро кайд намуд, ки холо дар он зиёда аз 1250 корхона ва 70 хазор хочагии дехкони фаъолият доранд.
Мухокима ба масъалахои асоси, аз кабили чори намудани тухмихо ва нихолхои баландсифати узбекистон, мубодилаи тахриба байни аграрияхо ва истифодаи технологияхои инноватсиони дахл дошт.
Дар анчоми мулокот Ахмадзода хайати узбекистонро ба ярмаркаи Байналмилалии “Сугд – 2025”, ки мохи июн баргузор мешавад, даъват намуд.
АКСХО: хадамоти Матбуоти Раиси вилояти Сугд