ВКД-и Казокистон пешниход мекунад ки дарсхои КХР дар мактабхо фанни хатми гардонида шаванд – ИА Караван Инфо
ВКД-и Казокистон пешниход мекунад ки дарсхои КХР дар мактабхо фанни хатми гардонида шаванд

Остона, 28 августи соли 2025-АИ «Караван Инфо». Вазорати корхои дохилии Казокистон пешниход мекунад, ки ба барномаи мактаби фанни хатми тибки коидахои харакати рох (КХР) ворид намуда шавад. Ин ташаббусро раиси Кумитаи полиси маъмурии ВКД Кайсар Султонбоев дар нишасти матбуоти дар ССК эълон намуд.

Ба гуфтаи Султонбоев, накшахои таълимии чори барои омузиши КХР соатхои кофи чудо намекунанд. Тахлилхо нишон доданд, ки чунин тадбир ба ташаккули рафтори конунии кудакон дар роххо мусоидат мекунад, ки дар оянда ба амният таъсири мусбат мерасонад.

Вай ахамияти рушди отрядхои нозирони чавони харакатро (НЧХ) кайд намуд. Тачрибаи байналмилали нишон медихад, ки чалби мактаббачагон ба масъалахои бехатарии рох ба кохиш додани осеб ва ташаккули масъулияти шахрванди мусоидат мекунад. Дар Казокистон беш аз 70 хазор кудак ба ин харакат чалб намуда шудаанд. Аммо, бо назардошти он ки дар кишвар такрибан 3,5 миллион хонанда тахсил мекунанд, микеси кор бояд васеъ намуда шавад.

Ташаббусхои ба ин монанд ба хадафхои консепсияи глобалии Vision Zero нигаронида шудаанд, ки хадафи он ба сифр расонидани фавти кудакон дар роххо то соли 2050 мебошад.

Аксхо: аз манбаъхои кушода

error: