Исломобод, 10 сентябри соли 2025 АИ «Караван Инфо». Дар доираи сафари расмӣ ба Покистон, Муовини Сарвазир – Вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Мурат Нуртлеу бо роҳбарияти ширкатҳои бузурги Покистон барои муҳокимаи дурнамои ҳамкории иқтисодӣ мулоқот намуд.

Дар мулоқот бо директори генералии “Fauji Foundation” Анвар Али Ҳайдер имкониятҳои лоиҳаҳои муштарак дар хоҷагии қишлоқ, истеҳсоли нуриҳо, маҳсулоти хӯрокворӣ ва масолеҳи сохтмонӣ муҳокима намуда шуданд. Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки робитаҳои байни “Fauji Foundation” ва “Самрук-Қазина” – ро барои татбиқи нақшаҳои муштарак фаъол кунанд.
Бо директори генералии “National Logistics Corporation” Фаррух Шаҳзод дурнамои рушди шарикии нақлиётӣ-логистикӣ баррасӣ намуда шуд. Ҳайати Қазоқистон пешниҳод намуд, ки консорсиуми муштараки нақлиётӣ-логистикӣ таъсис дода шавад, ки ба истифодаи самараноки иқтидори ҳарду кишвар ва афзоиши таъминоти мутақобила имкон медиҳад.
Раиси “Tcs Logistics” Халид Наваз Аван бо Мурат Нуртлеу иштироки Худро дар лоиҳаҳои инфрасохтории Қазоқистон баррасӣ намуд. Вазир қайд намуд, ки рушди инфрасохтори нақлиётӣ ва логистикӣ барои Қазоқистон афзалияти стратегӣ мебошад, аз ҷумла сохтмони роҳи оҳан Тавассути Афғонистон, ки Авруосиё ва Осиёи Марказиро бо Покистон мепайвандад ва ба Халиҷи Форс, Африқо ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ дастрасӣ медиҳад.
Дар натиҷаи вохӯриҳо ҷониби Қазоқистон омодагии худро барои муколамаи минбаъда ва татбиқи ҳамаи ташаббусҳои муҳокимашаванда изҳор дошт.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ
