Остона, 23 феврали соли 2026 АИ «Караван Инфо». Муовини аввали вазири корҳои хориҷии Қазоқистон Ержан Ашикбаев бо намояндаи фонди Кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) дар Қазоқистон Рашед Сарвар мулоқот намуд. Ҷонибҳо татбиқи барномаҳои ҳифзи саломатии кӯдакон, рушди таҳсилоти фарогир, ҳифзи кӯдакон аз зӯроварӣ, амнияти рақамӣ ва таҳкими системаҳои ҳифзи иҷтимоиро баррасӣ намуданд.

Ержан Ашикбаев кӯшишҳои ЮНИСЕФ-ро барои ҷорӣ намудани таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ, такмили методология ва мониторинги ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон баланд арзёбӣ намуд. Вай барои дастгирии коршиносон дар таҳияи барномаи миллии “Кӯдакони Қазоқистон” ва мусоидат ба пайвастани Қазоқистон ба паймони Глобалии зидди зӯроварӣ нисбати кӯдакон дар моҳи ноябри соли 2025 изҳори сипос намуд.
Намояндаи ЮНИСЕФ қайд намуд, ки барномаи нави ҳамкорӣ барои солҳои 2026-2030 ба афзалиятҳои ҳуҷҷатҳои стратегии миллӣ ва тавсияҳои Кумитаи СММ оид ба ҳуқуқи кӯдак мувофиқат мекунад.
Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки шарикиро тақвият диҳанд ва дар соли ҷорӣ чорабиниҳои муштаракро бахшида ба 80-солагии ЮНИСЕФ баргузор кунанд.
Аксҳо: ВКХ-и ҶҚ
