ВКХ-и ЧИН: беш аз 20 рахбари давлати дар саммити СХШ ширкат хоханд намуд – ИА Караван Инфо
ВКХ-и ЧИН: беш аз 20 рахбари давлати дар саммити СХШ ширкат хоханд намуд

МОСКВА, 22 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо».    Дар шахри Тянтсзини Чин аз санаи 31 август то 1 сентябр саммити Созмони Хамкории Шанхай (СХШ) баргузор мешавад.

Тавре, ки ёвари Вазири корхои хоричии Чин Лю Бин хабар дод, иштирок дар чорабини аз чониби зиёда аз 20 рохбари давлатхои хоричи ва рохбарони дах ташкилоти байналмилали тасдик намуда шуд.

Ба гуфтаи у, раиси Чин Си Чинпин бо рохбарони даъватшуда дар сохилхои Дарёи Хайхэ мулокот хохад намуд. Дар байни мехмонон президенти Русия Владимир Путин, сарвазири Хиндустон Нарендра Моди, президенти Эрон Масъуд Пезешкиён, президенти Казокистон Касим-Жомарт Токаев, президенти Белорус Александр Лукашенко, инчунин рохбарони Узбекистон, Киргизистон, Точикистон, Покистон, Мугулистон, Туркия, Миср ва як катор кишвархои дигар мебошанд.

Лю Бин таъкид намуд, ки иштирокчиён натичахои хамкори дар доираи СХШ-ро мухокима мекунанд, самтхои нави рушди созмонро муайян мекунанд ва мавкеи мувофикашударо оид ба масъалахои калидии байналмилали тахия мекунанд.

Ба гуфтаи у, яке аз хадафхои саммит тахкими накши муттахидшави хамчун майдончаи ташаккули “чомеаи такдири ягона”мебошад.

МАЪЛУМОТ: созмони Хамкории Шанхай соли 2001 таъсис ёфтааст. Имруз ба он нух кишвар дохил мешаванд: Хиндустон, Эрон, Казокистон, Чин, Киргизистон, Русия, Точикистон, Покистон ва Узбекистон.

Мохи июли соли 2024 Белорус ба онхо расман хамрох шуд. Гайр аз ин, Афгонистон ва Мугулистон макоми нозир доранд ва шарикони муколама зиёда аз дах давлати дигар, аз чумла Туркия, Миср, Арабистони Сауди ва АМА мебошанд.

Аксхо: sectsco.org

error: