МОСКВА, 21 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Москва ба макомоти Киргизистон барои мусоидат дар амалиёти начот дар авчи Галаба изхори сипос намуд, ки дар он кухнаварди рус Наталя Наговитсина хангоми поён рафтан чарохати чидди бардошт. Дар ин бора намояндаи расмии ВКХ-и ФР Мария Захарова изхор дошт.

Ба гуфтаи вай, сафорати Русия дар Бишкек аз соатхои аввали ходиса бо макомоти Киргизистон робитаи зич дорад ва амалиёти эвакуатсияи чабрдидаро хамоханг мекунад.
Захарова мушаххас намуд, ки санаи 16 август ба чои ходиса як чархболи Вазорати Мудофиаи Киргизистон фиристода шуд, аммо бинобар хавои бад он дар баландии такрибан 4600 метр фуруд омад.
Ду узви экипаж чарохат бардоштанд. Мошини дигар ба чои у парвоз намуд, аммо кори начотдихандагонро шароити бади обу хаво ва махдудиятхои баландии парвози чархболхо мушкил мекунад.
“Санаи 19 август як гурухи начотдихандагон ба чои Наталия Наговитсина баромаданд. Бо назардошти шароити обу хаво, эвакуатсияи он вакти муайянро мегирад. Ба макомоти Киргизистон барои таваччух ба ин ходисаи фавкулодда ва андешидани чорахо миннатдоранд”, – таъкид намуд намояндаи ВКХ.
Ёдовар мешавем, ки кухнавард рузи 12 август хангоми фуруд омадан аз баландии такрибан 7200 метр пойро мачрух намуд. Кушиши начот додани у бо кувваи дигар варзишгарон бо фочиа анчом ёфт: яке аз кухнавардон аз хунукшави халок шуд.
Вертолети Ми-8 Вазорати Мудофиаи Киргизистон, ки ба эвакуатсия чалб намуда шуд, дар куххо садама намуд, пас Аз он Ми-17ВМ ба чои у фиристода шуд, ки тавонист як кисми начотдихандагон ва кухнавардонро, аз чумла як шахрванди Русияро берун орад. Аммо, бо сабаби бад шудани хаво, парвозхо муваккатан боздошта шуданд.
Пики Галаба нуктаи баландтарини Тян-Шан (7439 м), ки дар сархади Киргизистон ва Чин чойгир аст. Ин яке аз душвортарин ва хатарноктарин хатсайрхо барои кухнавардон дар минтака аст, ки шароити обу хаво босуръат тагйир меёбад ва хатто барои варзишгарони ботачриба хатари чидди дорад.
АКСХО: шабакахои ичтимои