Душанбе, 23 феврал, – АИ «Корвон Иттилоот». Дар шаҳри Душанбе вохӯрии корӣ байни Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Барномаи Рушди Созмони Милали Муттаҳид (UNDP) баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, рақамикунонӣ, тақвияти иқтидори кадрӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалиро баррасӣ намуданд. Ҳамзамон, ба намояндагони UNDP оид ба фаъолияти хатти оҷилии сайёҳӣ (+992 118-200-200) маълумоти муфассал пешниҳод карда шуд. Зикр гардид, ки хатти мазкур барои расонидани кӯмаки фаврӣ, машварат ва дастгирии иттилоотӣ ба сайёҳони дохилию хориҷӣ таъсис ёфта, дар ҳамоҳангӣ бо ниҳодҳои дахлдор фаъолият мекунад. Ин иқдом ба баланд бардоштани сатҳи амният, эътимод ва сифати хизматрасонӣ дар соҳаи сайёҳӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ инчунин масъалаҳои рушди экосайёҳӣ бо ҷалби ҷомеаҳои маҳаллӣ, ҷорӣ намудани низоми муосири омори сайёҳӣ (TSA), ташкили курсҳои омӯзишӣ ва сафарҳои таҷрибавӣ барои мутахассисон мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои таҳияи Нақшаи амалии муштараки ҳамкорӣ барои солҳои 2026–2027 иброз намуда, ба тақвияти ҳамкориҳои минбаъда таъкид карданд. Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва шарикии созанда баргузор гардид.
Акс: Кумитаи рушди сайёҳӣ
