Володин паёми Путинро ба Си Чинпин дар вохури дар Пекин расонид – ИА Караван Инфо
Володин паёми Путинро ба Си Чинпин дар вохури дар Пекин расонид

МОСКВА, 26 августи соли 2025 АИ «Караван Инфо». Спикери Думаи Давлати Вячеслав Володин дар Пекин бо раиси Чин Си Тсзинпин мулокот намуд ва ба у паёми президенти Русия Владимир Путинро расонид. Вай ба рахбари Чин “суханони гарми салом ва орзухои нек” – ро аз сарвари давлати Русия ироа намуд.

Володин кайд намуд, ки сафар ба Чин бо баргузории чаласаи дахуми комиссияи Байнипарлумони оид ба хамкории Мачлиси Федеролии ФР ва мачлиси умумихалкии намояндагони халки Чин рост омад.

Ба гуфтаи у, кори комиссия ба таъмини конунгузории карорхои дар сатхи сарони давлатхо кабулшуда, инчунин ба рушди муносибатхои Москва ва Пекин равона шудааст.

Си Чинпин, дар навбати худ, ахамияти хамкории парлумонхои ду кишварро таъкид намуд. “Макомоти конунгузории Русия ва Чин барои татбики созишномахои бадастомада хамкории зич доранд. Шумо инчунин дар тахкими робитахои дучониба сахми калон мегузоред” гуфт раиси Чин.

Гайр аз рузномаи парлумони, чонибхо масъалахои хамкории иктисоди, амният, сайёхи, маориф, илм ва фархангро барраси намуданд.

Рахбари Чин кайд намуд, ки рушди муносибатхои Русия ва Чин омили субот ва сулх дар чахон аст ва даъват намуд, ки дустии анъанави, амиктар намудани хамкории стратеги ва васеъ намудани табодул идома ёбад.

Володин бо даъвати раиси кумитаи Доимии ВСНП Чжао Лэтсзи ба Пекин бо рохбарии хайати парлумони омад.

Робитахои Русия ва Чин дар сатхи баланд боки мемонанд ва хамкории байнипарлумони хамчун унсури мухими шарикии стратегии ду кишвар барраси мешавад.

Аксхо: Хадамоти матбуоти ДД ФР

error: